Илм ва раванди ҷаҳонишавӣ

Печать

Аз 29-ум то 31-уми майи соли 2019 дар кафедраҳои тахассусии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ ва амалӣ дар мавзӯи “Тоҷикистон дар манзари ҷаҳонишавӣ” идома ёфт.

Нахуст муовини декан оид ба илм ва инноватсия Субҳон Мирзоев ва мудирони кафедраҳо Некрӯз Қудратов, Зулфия Қурбонова, Умар Абдураҳмонов ва Ҷамшед Гурезов дар оғози қисми дуюми конференсия перомуни мазмуну муҳтавои он дар бахшҳои гуногун ба мисли ҳуқуқи тиҷорат, иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, забонҳо ва назарияи иқтисод суханронӣ намуда, аҳли нишастро ба муносибати Ҳафтаи илм табрику шодбош гуфтанд.

 

 

Сипас кори конференсия дар бахшҳои муайян идома ёфта, аз ҷониби ҳайати илмӣ ва омӯзгории факултети мазкур зиёда аз 50 маърӯза пешниҳод ва баррасӣ гардид.

Шуъбаи робита бо ҷомеа