Перомуни рушди низоми бонкӣ

Печать

30-юми майи соли 2019 бо саъю кӯшиши аъзои кафедраи фаъолияти бонкӣ бахши дуюми конференсияи илмӣ ва назариявӣ таҳти унвони “Тоҷикистон дар манзараи ҷаҳонишавӣ” бо иштироки ҳайати илмию омӯзгорӣ баргузор гардид.

 

Дар ҳамоиш Басгул Исупова дар мавзӯи “Вазъи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон: камбудӣ ва дурнамои рушди он”, Н. Муродова дар мавзӯи “Таҳлили хизматрасонии бонкӣ ва дурнамои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, М. Маҳмудов дар мавзӯи “Масоили маблағгузории соҳибкории хурду миёна” ва М. Солиҳова дар мавзӯи “Идоракунии хавфҳои қарзӣ дар бонкҳои қарзӣ” бо ироаи андешаю нигариши муҳимму судманди худ перомуни рушду густариши низоми бонкии кишвар суханронӣ намуданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа