Масъалаи мубрами рӯз

Печать

31-уми майи соли 2019 дар донишгоҳ вохӯрии муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ Қобил Толибов ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон майор Шодном Турсунов бо ҳайати илмию омӯзгорӣ доир гардид.

Нахуст Қобил Толибов ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, суханро ба Шодком Турсунов вогузор кард.

 

Мавсуф зимни суханронии худ перомуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо коррупсия”, Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мафҳуми коррупсия, роҳҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ, пайомадҳои ин амали номатлуб, мубориза бар зидди истифодаи ғайримақсадноки маблағи буҷавӣ, суистифода аз мансаб, ришваситонӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки мубориза бар муқобили коррупсия дар кишвар кори масъулиятнок ва умумӣ мебошад.

Шуъбаи робита бо ҷомеа