Дараи афсонавии Ромит

Печать

5 – уми майи соли 2019 бо ташаббуси аъзои кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнати донишгоҳ ба муносибати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ донишҷӯёни фаъоли риштаи сайёҳӣ ва курсҳои якум аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо хатсайри сайёҳии дохилӣ ба истироҳатгоҳи донишгоҳ, ки дар дараи Ромит ҷой гирифтааст, сафар карданд. Дар ин чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. ва дигар омӯзгорон низ иштирок намуданд.

Донишҷӯёну омӯзгорон ба табиати зебо, оби равон, ҳавои хуш ва намои афсонавии дараи Ромит шинос гардида, тасмим гирифтанд, ки дар солҳои оянда низ барои густариши соҳаи сайёҳии дохилӣ чунин хатсайрҳои муфидро созмон хоҳанд дод.

Шуъбаи робита бо ҷомеа