Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

МО НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ КУНЕМ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосӣ Хабарҳо Аксияи шаҳрии “Тозагии соҳил”

Аксияи шаҳрии “Тозагии соҳил”

5-уми апрели соли 2019 дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба муносибати Рӯзи пойтахт аксияи шаҳрии “Тозагии соҳил” гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Тоҷири аҷам” – и ноҳияи Фирдавсӣ иштироки фаъолона намуданд.

 

Мақсад аз баргузории аксияи мазкур тозаю озода гардонидани каналу ҷӯйбор аз партовҳои гуногун ва бад-ин васила беҳтар намудани вазъи санитарию гигиенӣ ва экологии муҳити зист мебошад. Чунин амал далели арзандаи дастгирии аҳли донишгоҳ аз кору ибтикори бунёдкоронаву созандаи шаҳрдорӣ дар масоили тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши ободкорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон дар мавриди ободу зебо гардонидани пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе мебошад.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Аксияи шаҳрии “Тозагии соҳил”