Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод. Эмомалӣ Раҳмон.

Асосӣ Хабарҳо Ҷашни ҳувияти миллӣ

Ҷашни ҳувияти миллӣ

Имрӯз чӣ рӯзи хуши айёми баҳор аст,
Ҳар сӯй садои дафу танбӯру дутор аст.
Ҳар кӯчаву гулгашту гузаргоҳ дар ин рӯз,
Рангинтару хушбӯй зи гулҳои қатор аст.

Наврӯз воқеан ҳам ҷашни эҳёи табиат, истиқболи баҳор, баробаршавии шабу рӯз, ғалабаи гармӣ ба сардӣ, равшанӣ ба торикӣ ва некӣ ба бадӣ аст. Ин ҷашни қадимтарин, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии як қатор кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ҷаҳонӣ гардид, аз соли 2010 дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ҳайати омӯзгорон, профессорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи хуҷастапайро, ки ба он омодагии хуб дида буданд, рӯзи 19 – уми марти соли равон дар сатҳи баланд таҷлил намуданд.

Садои фораму гӯшнавози карнаю сурнай, дафу чанг, ки ба атроф паҳн гардида, аз омадани фасли баҳору Наврӯзи хуҷастапай ва шодию нишоти омӯзгорону донишҷӯён ва меҳмонон дарак медоданд, ба ҷону тан ҳузуру ҳаловат мебахшид.

 

Суруду рақсҳои дилнишин ва қироати шеърҳои ба баҳору Наврӯз бахшидашуда, дилҳоро ба фараҳ оварда, шукӯҳу шаҳомати чорабиниро даҳчанд мегардониданд. Варзишгарони донишгоҳ, ки аз Наврӯз то Наврӯз дастовардҳои зиёди назаррасро соҳиб гардидаанд, ҳунару истеъдоди баланди хешро нишон медоданд.

Дастовардҳои ба маърази тамошо гузоштаи факултаҳои донишгоҳ, литсейи он ва дастархонҳои наврӯзии дар асоси тамоми расму ойин ва анъанаҳои миллии ниёгонамон ороста, аз ҷумла "Ҳафтсин" ва "Ҳафтшин" диққати меҳмонону иштирокдорони базмро ба худ ҷалб намуд. Роҳбарияти донишгоҳ ва меҳмонони чорабинии ҷашнӣ ба дастурхонҳои наврӯзии омодакардаи донишҷӯёну магистрантон ва хонандагони литсей, ашёи ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дигар маводи ба маърази тамошо гузошташуда баҳои баланд доданд.

 

Баъди азназаргузаронии дастовардҳои донишгоҳ қисми расмии ҷашнвора шурӯъ гардид, ки онро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо иди байналмилалии Наврӯз самимона табрику таҳният гуфта, меҳмонони арҷманд Сироҷиддин Валиев, Иброҳим Гулов, Гулнора Кокова ва Майсара Калоноваро, ки ҳар кадом зинаҳои гуногун кору фаъолият намуда, дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ саҳми босазо гузоштаанд, ба аҳли толор муаррифӣ намуд.

Ректори донишгоҳ бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи мамлакат, бахусус ҷаҳду талош ва саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ҷаҳонишавии Наврӯз ва заҳматҳои Пешвои миллат дар бораи боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони биҳиштосо ҳарф зада, ҷаҳонишавии Наврӯзро аз эътироф ва ватани аслии Наврӯз будани кишвари азизамон - Тоҷикистон, боло рафтани обрӯ ва мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ намуд.

 

Сипас, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба як гурӯҳ кормандони хоҷагӣ, собиқадорони меҳнат ва ба оилаҳои собиқадороне, ки дар рушди донишгоҳ саҳми назаррас гузошта, алҳол дар қайди ҳаёт нестанд, маблағҳои пулӣ супорида шуд.

Барномаи консертии омодакардаи дастаи ҳунарии "Тоҷири Аҷам"и донишгоҳ, аз ҷумла сурудҳои "Интизорам", "Баҳор омад", "Наврӯз", "Тоҷикистон", "Қади мавзун", "Гули бодом", рақсҳои дилнишини тоҷикӣ, лазгинӣ, ки бо ҳунару истеъдоди баланд иҷро карда шуданд, табъи иштирокчиёни чорабиниро болида гардониданд.

  

Дар хотимаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. бори дигар Наврӯзи оламафрӯзро ба ҳамагон табрик гуфта, ба меҳмонон ва ҳунармандони дастаи "Тоҷири Аҷам", ки чорабиниҳои донишгоҳӣ ва берун аз онро дар сатҳи баланд мегузаронанд, изҳори сипос намуда, қадами мубораки Наврӯзи байналмилалиро дар рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол нек ва пурфайз арзёбӣ намуд.

Р. Масъуд, шуъбаи робита бо ҷомеа 

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Ҷашни ҳувияти миллӣ