Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

МО НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ КУНЕМ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосӣ Хабарҳо Баробарии гендерӣ дар ҷомеа

Баробарии гендерӣ дар ҷомеа

14 – уми марти соли 2019 бо саъю кӯшиши Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва намояндагони Маркази мусоидати ҳуқуқӣ ба рушди соҳибкорӣ дар толори диссертатсионии донишгоҳ мизи мудаввар дар мавзӯи “Баробарии гендерӣ – унсури ҳуқуқҳои инсон” бо иштироки ҳамоҳангсози чорабинӣ, доктори илми ҳуқуқ, профессор Раззоқов Б.Ҳ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доқтори илми ҳуқуқ, профессор Абдураҳим Холиқзода, муҳарири Қомуси миллии тоҷик Матробов М.Х. ва омӯзгорону донишҷӯён доир гардид.

 

Дар ҳамоиши илмӣ Абдураҳим Холиқзода дар мавзӯи “Консепсияи конститутсионии баробарҳуқуқии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Матроб Матробов дар мавзӯи "Ҷанбаҳои сиёсӣ - ҳуқуқии баробарии гендерӣ", муаллими калони кафедраи ҳуқуқи тиҷорати ДДТТ Фарҳод Ҷабборов дар мавзӯи “Стандартҳои байналмилалии баробарии гендерӣ” ва донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 240103 Манижа Сафарзода дар мавзӯи “Таъмини ҳуқуқии фаъолияти тиҷоратӣ” суханронӣ намуданд.

Дар анҷом нотиқон ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфтанд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа ва кафедраи ҳуқуқи тиҷорат

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Баробарии гендерӣ дар ҷомеа