Рӯзи Модар фархунда бод!

Печать

Раёсат, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кулли донишҷӯдухтарону бонувони донишгоҳро ба муносибати фаро расидани фасли зебоию шукуфоӣ, гармию рӯшноӣ ва айёми хуррамию растагорӣ, ки бузургони илму адаб ӯро аз рӯи меҳру муҳаббати афзун "Арӯси сол" хондаанд, баҳори нозанинхисолу хуҷастапай ва ҷашни фархундаи 8-уми март - Рӯзи Модар аз самими қалб табрику шодбош мегӯянд ва ба онҳо дар зиндагию таҳсил ва фаъолияти меҳрофарину ростинашон тандурустиву эминӣ, хонаи обод, бахти бедору саодати рӯзгор, дӯстию рафоқат, хайру баракат ва умри дароз орзу менамоянд.