Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

РАЁСАТИ ДДТТ КУЛЛИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲРО БА МУНОСИБАТИ ФАРО РАСИДАНИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ САМИМОНА ТАБРИКУ ШОДБОШ МЕГӮЯД.

Асосӣ Хабарҳо Семинари илмӣ

Семинари илмӣ

22 – юми феврали соли 2019 дар толори конфронсҳои донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷомеаи кушода”–и Бунёди Мадад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси барномаи “Дастгирии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари илмии кафедраи молия ва қарзи факултети молия ва фаъолияти бонкӣ дар мавзӯи “Маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ: дастовардҳо ва мушкилотҳо” доир гардид, ки дар он намояндагони макотиби олии кишвар, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Семинари илмиро мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Мубин Абдувалиев оғоз намуда, суханро ба ҳамоҳангсози барномаи мазкур Манучеҳр Камолиддинов дод.

Мавсуф перомуни барномаи “Дастгирии идораи молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ибрози андеша намуда, саҳми омӯзгорони донишгоҳро дар силсилабарномаҳои идоракунии молияи давлатӣ дар сатҳи баланд баҳогузорӣ кард.

Дар идомаи семинар муаллими калони кафедраи молия ва карзи донишгоҳ Комил Алимов дар мавзӯи “Маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ: дастовардҳо ва мушкилотҳо” суханронӣ намуда, ба суолҳои гуногуни аҳли нишаст посух гуфт.

Дар анҷом Шавкат Ҷӯраев ба иштирокдорони семинари илмӣ аз номи Раёсати донишгоҳ изҳори сипос кард.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Семинари илмӣ