Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

РАЁСАТИ ДДТТ КУЛЛИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲРО БА МУНОСИБАТИ ФАРО РАСИДАНИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ САМИМОНА ТАБРИКУ ШОДБОШ МЕГӮЯД.

Асосӣ Хабарҳо Семинари омӯзишӣ

Семинари омӯзишӣ

10 – уми январи соли 2019 дар донишгоҳ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Кори мустақилона дар раванди таълим” бо иштироки муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, дотсент Толибов Қ.Қ., сардори Раёсати таълим Ҳамитов М.С., роҳбарони сохторҳо ва омӯзгорону мутахассисон гузаронида шуд.

Дар семинари омӯзишӣ профессор Ҳамид Маҷидов дар мавзӯи “Кори мустақилона дар раванди таълим” суханронӣ намуда, мулоҳизаву андешаҳои худро оид ба кори мустақилона бо роҳбари омӯзгор, кори мустақилонаи донишҷӯ, фаъолияти донишҷӯ зимни имтиҳонсупорӣ, дарсҳои иловагӣ, тарзи мустақилонаи азхудкунии дониш аз ҷониби муҳассилин ва маҳфилҳои фаннӣ иброз кард ва ба суолҳои аҳли нишаст  посух дод.

Дар қисми хотимавии семинари омӯзишӣ Қобил Толибов низ оид ба раванди таълим, усулҳои пешқадами он ва проблемаҳою дурнамои соҳа андешаронӣ намуда, ба профессор Ҳамид Маҷидов барои ибрози афкору ақидаҳои судманд арзи сипос намуд.

  

 Шуъбаи робита бо ҷомеа

 

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Семинари омӯзишӣ