Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

МО НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ КУНЕМ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосӣ Хабарҳо Маросими сертификатсупорӣ

Маросими сертификатсупорӣ

3 – юми январи соли 2019 дар толори диссертатсионии донишгоҳ маросими супоридани сертификатҳо ба 22 – нафар  омӯзгоре, ки  тайи 10  рӯз курси кӯтоҳмудати омӯзишии «Тахтаи электронӣ» – ро дар назди Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии донишгоҳ гузашта, нозукиҳои онро аз бар намуда буданд, баргузор гардид.

Ҷамъомадро муовини ректор оид ба  таълим ва корҳои методӣ, дотсент Толибов Қ.Қ., оғоз намуда, ҳозиринро бо Соли нави мелодии 2019 табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки замон аз ҳар яки мову Шумо тақозо мекунад, ки дониши техникиамонро низ пайваста такмил диҳем. Гузаронидани чунин курсҳо,- гуфт ӯ, – мақсаднок буда, барои беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия, ҷалби донишҷӯён, афзун гардонидани шавқу рағбати онҳо ба дарсҳо ва такмил ёфтани маҳорати омӯзгор мусоидат менамоянд.

Дар хотима дотсент Толибов Қ.Қ.,  муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҷабов Р.К., ва мудири шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият, дотсент Ҳусейнов Б.А., ба иштирокчиёни курси омӯзишӣ, ки соҳиби сертифакат гардиданд, барору комёбиҳо таманно намуданд.

Р.Шарифов, Шуъбаи робита бо ҷомеа

 

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Маросими сертификатсупорӣ