Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

РАЁСАТИ ДДТТ КУЛЛИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲРО БА МУНОСИБАТИ ФАРО РАСИДАНИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ САМИМОНА ТАБРИКУ ШОДБОШ МЕГӮЯД.

Асосӣ Хабарҳо Омӯзгор аз нигоҳи донишҷӯ

Омӯзгор аз нигоҳи донишҷӯ

29 – уми декабри соли 2018 дар толори конфронсҳои донишгоҳ маросими супоридани мукофот дар асоси натиҷаи пурсишномаи “Омӯзгор аз нигоҳи донишҷӯ” ба омӯзгорони беҳтарини донишгоҳ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2017 – 2018 бо иштироки муовини ректор оид ба  таълим ва корҳои методӣ, дотсент Толибов Қ.Қ., муовини ректор оид тарбия ва корҳои ташкилӣ, дотсент Акрамов Ф.М. ва омӯзгорону мутахассисон  доир гардид.

        

Нахуст Толибов Қ.Қ. бо сухани муқаддимавӣ дар бораи раванди таълим ва имтиҳонҳо дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2018 – 2019 ибрози андеша намуда, заҳмати омӯзгорони беҳтаринро, ки дар асоси пурсишнома аз ҷониби донишҷӯён баҳогузорӣ шуда буданд, махсус қайд намуд.

Сипас, Толибов Қ.Қ., Акрамов Ф.М. ва сардори Раёсати таълим, дотсент Ҳамитов М.С. аз номи Раёсати донишгоҳ  ба 40 – нафар омӯзгори беҳтарин сипоснома ва ифтихорнома супориданд.  

     

Дар идомаи нишаст Акрамов Ф.М. оид ба корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ андешаронӣ намуда, ба омӯзгорони беҳтарин дар ҷодаи таълиму тадрис муваффақият орзу кард. Дотсент Сулаймон Юсупов ба сифати омӯзгори беҳтарин аз иқдоми неки Раёсати донишгоҳ дар мавриди гузаронидани пурсишномаи "Омӯзгор аз нигоҳи донишҷӯ" ва дастгирии маънавию равонии омӯзгорон арзи сипос намуд.

  

Дар анҷом Толибов Қ.Қ. аз номи Раёсати донишгоҳ ҳозиринро ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2019 шодбош гуфта, ба эшон тани дуруст, хонаи обод ва фаъолияти босамари илмию омӯзгорӣ орзу намуд.   

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа

     

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Омӯзгор аз нигоҳи донишҷӯ