Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

МО НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ КУНЕМ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосӣ Хабарҳо Паёми созанда

Паёми созанда

27 – уми декабри соли 2018 дар донишгоҳ ҳамоиши бошукӯҳи омӯзгорону донишҷӯён бо мақсади ҷонибдорӣ, омӯзиш ва татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

 Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ, дотсент Акрамов Ф.М. ҳусни оғоз бахшида, оид ба аҳамияти бузурги сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Паёми имсола ибрози андеша кард.

 Дар идомаи ҳамоиш муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, дотсент Толибов Қ.Қ. мудири шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият, дотсент Бойалӣ Ҳусейнов, муаллими калони кафедраи “Ҳуқуқи тиҷорат” Фаррух Алиев ва чанде аз донишҷӯён суханронӣ намуда, оид ба ҷанбаҳои гуногуни Паёми раҳнамунсоз ва аҳамияти бузурги созандаи он барои қишрҳои гуногуни ҷомеа ва рушди муназзами кишвар афкору ақидаҳои худро изҳор карданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Паёми созанда