Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Хабарҳо Гурӯҳи тарғиботӣ дар Вахшу Бохтар

Гурӯҳи тарғиботӣ дар Вахшу Бохтар

Соли равон бо ибтикори Раёсати ДДТТ дар доираи чорабинии “Довталаб – 2019” бо мақсади тарғибу ташвиқ ва муаррифии донишгоҳ суҳбату мулоқотҳои омӯзгорону мутахассисони ин боргоҳи илму маърифат бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсиоти миёнаи ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар гузаронида шуд.

   

Бино бар ин, як гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ Ҷовидон Сафаров ва муаллими калони кафедраи СИДИ М.Қурбонов аз 12 – ум то 15 – уми декабри соли равон суҳбату мулоқотҳои худро бо хатмкунандагони МТМУ – и шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён гузарониданд.

   

Ҷовидон Сафаров зимни суҳбату мулоқотҳо бо насли ояндасози меҳан зикр намуд, ки ҳайти ДДТТ дар мавриди омода кардани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир аз рӯи 28 ихтисос ба се забони – тоҷикӣ (давлатӣ), русӣ ва англисӣ нақши арзанда ва саҳми сазовор дорад ва заминан моддию техникии он ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ аст. Ҳамчунин, аз ҷониби мавсуф ба намояндагони масъули шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мазкур барои ҳамкориҳои судманди онҳо бо Раёсати ДДТТ изҳори хушнудию сипос карда шуд.

  

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Гурӯҳи тарғиботӣ дар Вахшу Бохтар