Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Хабарҳо Конференсияи фосилавии илмӣ – амалӣ

Конференсияи фосилавии илмӣ – амалӣ

21 – уми декабри соли 2018 дар толори диссертатсионии донишгоҳ конференсияи байналмилалии фосилавии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Рушди иқтисодиёти инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Полша” бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н., муовини ректори оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҷабов Р.К., олимони соҳаи иқтисод аз Федератсияи Росссия, Ҷумҳурии Қирғизистон ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ доир гардид.

  

Нахуст профессор Раҷабов Р.К. бо сухани ифтитоҳӣ ба ҳамоиш ҳусни оғоз бахшида, суханро ба ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. вогузор намуд. Фақеров Ҳ.Н. дар бораи аҳамияти илмию амалии ҳамоиши имрӯза суханронӣ карда, аз ҳузури меҳмони гиромӣ изҳори ризоияту сипос намуд.

Сипас намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи вазири ниҳоди мазкур академик Саид Нуриддин Саид ба иштирокчиёни конференсия муваффақият хост.

Дар идомаи конференсия доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Нидоев Н.Ф. дар мавзӯи “Рушди устувори иқтисодиёт – асос барои гузариш ба роҳи саноатӣ – инноватсионӣ” ва доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Рауфӣ А. дар мавзӯи “Сиёсати нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи гузариш ба иқтисодиёти саноатӣ – аграрӣ” суханронӣ намуданд.

Бо ҳамин қисми якуми конференсия ба анҷом расид ва қисми дуюми он дар бахшҳои муайяни иқтисодӣ идома меёбад.

  

Шуъбаи робита бо ҷомеа

 

 

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Конференсияи фосилавии илмӣ – амалӣ