Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

РАЁСАТИ ДДТТ КУЛЛИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲРО БА МУНОСИБАТИ ФАРО РАСИДАНИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ САМИМОНА ТАБРИКУ ШОДБОШ МЕГӮЯД.

Асосӣ Хабарҳо Забони илм ва фарҳанги миллӣ

Забони илм ва фарҳанги миллӣ

13 – уми декабри соли 2018 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ аз ҷониби аъзои кафедраи забонҳо семинари илмӣ – назариявӣ зери унвони “Забони давлатӣ – забони илм ва фарҳанги миллӣ” бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни факултет гузаронида шуд.

Нахуст декани факултет Назаралӣ Салимов бо сухани ифтитоҳӣ ба семинар ҳусни оғоз бахшида, аз ҳузури шефтагони забон, илм ва фарҳанги миллӣ изҳори хушнудию сипос кард ва суханро ба дотсенти кафедраи забонҳо Бобишоҳи Насриддиниён вогузор намуд. Мавсуф дар мавзӯи “Истилоҳ ва истилоҳпазирӣ дар забони тоҷикӣ” суханронӣ намуда, перомуни рушди забони давлатӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани он, риояи меъёрҳои забони адабӣ, интихоб, танзим ва корбасти истилоҳу мафҳумҳои нав аз ҷониби коршиносони варзидаи соҳаи забон ва роҳу воситаҳои асосии истилоҳсозӣ дар забони тоҷикӣ ибрози андеша кард.  

Дар анҷоми нишаст Назаралӣ Салимов гузаронидани чунин семинарҳоро, ки боиси болоравии худшиносию хувияти миллӣ ва афзудани захираи луғавии омӯзгорону донишҷӯён мегардад, бисер ҳам судманд арзёбӣ намуд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа ва кафедраи забонҳо     

  

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Забони илм ва фарҳанги миллӣ