Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Хабарҳо Конференсия дар “Ҳилтон”

Конференсия дар “Ҳилтон”

14 - уми декабри соли 2018 дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” бо ташаббус ва дар асоси барномаи Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон ва Институти “Ҷомеаи кушода” – и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо мақсади дасгирии идораи молияи давлатӣ конференсия дар мавзӯи “Таҳлил дар соҳаи идораи молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид, ки дар кори он омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок намуданд.

Омӯзгорону пажӯҳишгарони ҷавон – Комилҷон Алимов, Замира Қодирова ва Икром Қӯшқоров доир ба масоили маблағгузории соҳаи маориф, маблағгузорӣ дар низоми таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ суханронӣ карданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа     

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Конференсия дар “Ҳилтон”