Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Хабарҳо Ба амну сулҳи кишвар шукр мебояд

Ба амну сулҳи кишвар шукр мебояд

Таъмини амну суботи кишвар, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ки дар саргаҳи онҳо пеш аз ҳама, ҷаҳду  талош ва заҳматҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд, ҳар як шаҳрванди баору номуси миллатро водор месозад, ки барои ҳифзу нигоҳдошт ва таҳкиму густариши минбаъдаи он саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд. Нагузоранд, ки нохалафе ва ё гурӯҳҳои манфиатҷӯе ин оромию осудагӣ ва ваҳдати саросарии кишварро халалдор созанд.

Мазмуну муҳтавои вохӯрии санаи 24-уми майи соли ҷорӣ ташкилнамудаи раёсати донишгоҳ бо сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни наврасон ва ҷавонони ВКД, полковники милитсия Фаттоҳзода Абдусаттор маҳз ҳамин ҷиҳатҳоро дар бар гирифта, аҳли толор, бахусус ҷавононро муваззаф сохт, ки дар шароити пуртазоду зудтағйирёбандаи ҷомеаи муосир - рушди шабакаҳои коммуникатсионӣ, иҷтимоӣ ва авҷ гирифтани ҷанги иттилоотӣ иҷтимоӣ ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефта ва шомили ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротагро нашаванд.

Рушди ҷомеаи кишвар, бахусус шаҳри Душанбе, муҳайё гардидани беҳтарин шароитҳо барои таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар, таъмини рӯзгори осоиштаю босаодат, сиёсати оқилонаю хирадмандона ва морифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, ғамхориҳои доимии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон, ки дар сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Ҳ.Н. Фақеров зикр гардиданд, инчунин таъкидҳои ӯ бобати шомил нагардидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ ва равияю мазҳабҳои динии барои миллати мо бегона ҷавононро вазифадор намуд, ки ақли солимро кор фармуда, ҳамчун фарзандони содиқи Ватан дар пешрафти мамлакат ва ободию шукуфоии он саҳмгузор бошанд.

Полковники милитсия Фаттоҳзода Абдусаттор аз ҳамкориҳои хуби устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ёдовар шуда, дар баробари ин бо таассуф аз бегонапарастӣ, гаравидани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ изҳори нигаронӣ намуда, мисолҳои мушаххас овард.

Фаттоҳзода Абдусаттор ҷавононро ба ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват намуд. Ӯ инчунин аз номи вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковник Раҳимзода Рамазон барои ҳамкориҳои судманд ва мутақобила бо мақомоти корҳои дохилӣ, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва равияҳои динӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, хониши хубу аъло, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ ба ректори донишгоҳ профессор Фақеров Ҳ.Н., муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ-методӣ Толибов Қ.Қ., мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷорат Қудратов Н. ифтихорнома ва ба устодону донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ Ф. Рустамов, А. Ҳомидов, С. Мирзоев, Н. Валиев, А. Афғонов, З.

Шарифзода сипосномаю раҳматномаҳои ВКД-ро супорида, ба онҳо дар кору таҳсилашон барору комёбиҳо орзу намуд.

 

 

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Ба амну сулҳи кишвар шукр мебояд