Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Мо ба ҳамаи донишҷӯёни донишгоҳ дар супурдани имтиҳонҳои ҷамъбастӣ комёбию муваффақиятҳо таманно менамоем.

Асосӣ Хабарҳо Сафари хидматӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

Сафари хидматӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

Аз санаи 15-ум то 19-уми майи соли ҷорӣ сафари ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ профессор Фақеров Ҳ.Н. ва мудири шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ Абдувалиев М.Ҳ. ба Донишгоҳи давлатии аграрии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Алма-ато ва Донишгоҳи иқтисодии кооператсияи матлуботи шаҳри Карағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Зимни сафар, ректори донишгоҳ профессор Фақеров Ҳ.Н.  дар ҳамоиш вобаста ба барномаи аврупоии Эразмус+КА2 “Pawing the way of interregional mobility and ensuring relevance, quality and equity of acess “PAWER” – дар бораи роҳ мондани мубодилаи байниминтақавӣ ва таъмини аҳамиятнокӣ, сифат ва дастрасии баробар ба таҳсил”, ки дар Донишгоҳи давлатии аграрии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки раёсти донишгоҳҳои аъзои консорсиум аз ҷумла аз Донишгоҳҳои Лаквилаи Италия, Мидлсеки Лондони Британияи Кабир,  Илм ва ҳаёти шаҳри Вротслави Ҷумҳурии Лаҳистон, Зегеди Ҷумҳурии Маҷористон, Болгария, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Муғулистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Гурҷистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, иштирок намуд.  

Дар мулоқоти мазкур натиҷаҳои иштироки устодон ва мутахассисони донишгҳҳои ҳамкор дар семинар-тренингҳо ҷамъбаст гардида, масоили ба имзо расонидани шартномаҳои тарафайн оид ба ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои ҳамкори лоиҳа дар доираи барномаи Эразмус+ КА1 (Capacity Buiding Program) ва КА2  (International Credit Mobillity) ва омодагӣ ба ҷамъомади навбатие, ки моҳи октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ ва муҳокима гардиданд. Инчунин, ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. ва мудири шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ Абдувалиев М.Ҳ. бо ноиби аввали ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Алма-ато, профессор Канат Маратович вохурӣ намуда дар бораи ба имзо расонидани шартномаҳои тарфайн оид ба мубодилаи устодону донишҷӯён байни ҳар ду донишгоҳ ва дастрасӣ ба маводи таълимӣ, гуфтушунид анҷом доданд. Ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. бо якчанд донишҷӯёни ДДТТ, ки айни ҳол дар Донишгохи АЛМА Менеҷмент ва Донишгоҳи “НАРХОЗ”-и шаҳри Алама-атои Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи барномаи табодул таҳсил менамоянд вохӯрданд ва аз зисту зиндагии онҳо дар донишгоҳҳои зикршуда аз наздик шинос шуданд.

Санаи 18-уми майи соли ҷорӣ, ректори донишгоҳ профессор Фақеров Ҳ.Н. ва мудири шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ Абдувалиев М.Ҳ. ба Донишгоҳи иқтисодии кооператсияи матлуботи шаҳри Карағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон, ташриф оварданд ва бо ретори донишгоҳи мазкур доктори илмҳои иқтисодӣ профессор Аймагамбетов Еркара Балкаревич ва якчанд намояндагони раёсати ҳамин донишгоҳи мулоқот карданд. Ректори ДДТТ, профессор Фақеров Ҳ.Н. дар бораи ба сатҳи баланд барованрдани ҳамкориҳои тарафйн, аз ҷумл, оид ба мубодиали донишҷӯёну устодон, мубодилаи маводҳои таълимӣ-методӣ ва ташкил намудани семинар-конференсияҳои илмӣ-амалии байни ду донишгоҳ, гуфтушунид анҷом доданд.

Нимаи дуюми рӯзи сафар, ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. ва мудири шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ Абдувалиев М.Ҳ бо дархости бевоситаи раёсати Донишгоҳи иқтисодии кооператсияи матлуботи шаҳри Карағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон барои донишҷӯёни донишгоҳи мазкур дарси кушод гузарониданд. Профессор Фақеров Ҳ.Н. дар мавзӯи “Развития потребительского рынка Республики Таджикистан” ва мудири шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ Абдувалиев М.Ҳ дар мавзуи “Impact of migrant remittances and official development assistance on economic growtha, poverty reduction and human capital accumualtion in CIS countries (Empircal Analysis)” дарс гузаштанд ва соҳиби сертификат гардинанд. Инчунин, дар  донишгоҳи мазкур ректори донишгоҳ профессор Фақеров Ҳ.Н. бо якчанд донишҷӯёни донишгоҳ, ки айни ҳол дар ин ҷо дар доираи барномаи табодул таҳисл менамоянд, вохӯрданд ва бо шароити зисти онҳо аз наздик шинос шуданд.


Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Сафари хидматӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон