Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Мо ба ҳамаи донишҷӯёни донишгоҳ дар супурдани имтиҳонҳои ҷамъбастӣ комёбию муваффақиятҳо таманно менамоем.

Асосӣ Хабарҳо Конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат – рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон»

Конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат – рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон»

Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат – рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон» таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ доир гардид, ки дар кори он Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқони ҷавон ва намояндагони фаъоли ҷавонони шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Дар кори конференсия ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон профессор Фақеров Ҳ.Н., мудирони шуъбаҳои робита бо ҷомеа, кор бо ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ низ ширкат варзиданд.


шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат – рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон»