Семинар оид ба коромӯзии истеҳсолию таълимӣ

Печать

Санаи 30-юми январи соли равон дар донишгоҳ семинари омӯзишӣ бо иштироки и.в. ректор, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Толибов Қ.Қ., роҳбари раёсати таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳамитов М.С., роҳбарони факултетҳо, мудирони кафедраҳои тахассусии донишгоҳ ва роҳбарони илмии таҷрибаомӯзон доир гардид.

И.в. ректор Толибов Қ.Қ. дар муқаддима перомуни аҳамияти муҳиму судманд доштани таҷрибаомӯзии илмию истеҳсолӣ ва дигар масоили мубрами марбут ба соҳаи мазкур суханронӣ карданд.

Сипас, мудири шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷамшедов М.Ҳ. дар мавзӯи “Таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолӣ: моҳият, мақсад, вазифа ва татбиқи амалии он” – суханронии бомазмуну омӯзанда намуд.

Дар анҷоми ин семинари муҳими омӯзишӣ масъулин ба пурсишҳои сершумори аҳли нишаст дар бораи ҷанбаҳои гуногуни таҷрибаомӯзии истеҳсолию таълимӣ посухҳои муносибу арзанда доданд.

шуъбаи робита бо ҷомеа