Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати ДДТТ ҷавонони донишгоҳ ва дар симои онҳо кулли ҷавонони кишварро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният мегӯяд.

Асосӣ News and Events Семинари илмӣ-методӣ

Семинари илмӣ-методӣ

Санаи 27-уми январи соли 2018 дар толори диссертатсионии донишгоҳ бо иштироки Раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҳимзода Шариф, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҷабов Раҷаб, дигар шахсони масъул ва омӯзгорони кафедраҳои фаъолияти бонкӣ ва молия ва қарз семинари илмӣ-методӣ дар мавзӯи Сиёсати пулию қарзӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Ба семинари илмӣ – методӣ бо сухани муқаддимавӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қурбонова Ф.Х. ҳусни оғоз гузошт ва суханро ба Раҳимзода Шариф вогузор кард, ки эшон оид ба сиёсати иқтисодӣ ва вазифаҳои асосии он изҳори андеша карданд.

Дар анҷоми ин ҳамоиши илмию методӣ профессор Раҳимзода Шариф ба пурсишҳои аҳли нишаст перомуни масоили мубраму муҳими иқтисодиёти кишвар посухҳои амиқу шоиста доданд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ News and Events Семинари илмӣ-методӣ