Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ News and Events Намоиши маҳсулоти нонӣ

Намоиши маҳсулоти нонӣ

Нон бувад чун ҷони одам,
Қуввату дармони одам,
Мепарастам нони гандум,
Хӯшаҳои дони гандум.

Дар ҳақиқат нон неъмати бебаҳоест, ки тамоми аҳли башар ба он ниёз дорад ва онро азизу муқаддас медонанд. Ибораҳои маъмули нон дорӣ – ном дорӣ, нон ҳам нон – нонреза ҳам нон, нон гуфтану ҷон додан (киноя аз қаҳтию хушксолии сахт), бо нону намак истиқбол гирифтан, нон хӯрдану намакдон шикастан (кӯрнамакӣ кардан) тақвиятбахшандаи ин гуфтаҳо буда, ҳар яки моро водор месозад, ки ин неъмати бебаҳоро азизу муқаддас дониста, ба қадри заҳмати истеҳсолкунандааш – деҳқонон ва кадбонуҳои чирадаст бирасем.

Мардуми тоҷик аз қадимулайём ба нон ва маҳсулоти нонӣ эҳтироми хосса дошт. Зеро дар тӯли таърих борҳо бо чашмони худ азоби гуруснагиро дидаю кашидааст. Азоби гуруснагии сахти давраи ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) – ро насли калонсол хуб дар ёд дорад. Он давраҳо ҳатто касе боварӣ надошт, ки боз давраи серию пурӣ фаро расида, дастархони мардум нони сериро мебинад.

Намоиши маҳсулоти нонӣ «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» - ро, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он аз тамоми ҷумҳурӣ кадбонуҳои моҳиру чирадаст зиёда аз 50 намуди нону маҳсулоти нониро ба маъраз гузоштанд, далели ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, алалхусус, кӯшишу ғайрат ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз тадбирҳои ҳамон солҳо андешидааш 75 ҳазор гектар замин (бори аввал 50 ҳазор гектар, бори дуюм 25 ҳазор гектар) – ро ба мардум ҷудо намуд, мебошад.

Дар ин чорабинӣ кадбонуҳои моҳиру чирадасти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ нону маҳсулоти нониро ба намоиш гузошта, аз ҷониби ҳайати комиссияи тадорукот баҳои баландро сазовор гардиданд. Донишгоҳ сазовори ҷойи якум дониста шуда, бо диплом ва сипоснома қадрдонӣ карда шуд.

Намоиши маҳсулоти нонӣ: «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» далели равшани даврони серию пурии кишвар мебошад, ки ба шарофати таъмини сулҳу суботи саросарӣ ва меҳнати софдилонаи заҳматкашони мамлакат насибамон гардидааст.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва оромию осоиштагии кишвар, ба қадри ин серию пурӣ, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ орзуяш мекардем, бирасем ва ба исрофи беҳудаи нон ва маҳсулоти нонӣ роҳ надиҳем. Ба ибораи дигар чунин мисраъҳои шеърии устод Мирзо Турсунзода, ки гуфта буд:

Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,
Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм.

- ро шиори ҳамешагии худ қарор диҳем.

 

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ News and Events Намоиши маҳсулоти нонӣ