Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсат ва устодону донишҷȳёни донишгоҳ ба Саидзода Навбаҳор дар даври ниҳоии озмуни мазкур комёбию пирȳзмандиро орзу мекунанд.

ИЗҲОРОТИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН

Раёсат, ҳайати омȳзгорон ва донишҷȳёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон амалкарди Додгоҳи Олии Юнон оид аз ҳабс озод намудани душмани миллати тоҷик, шахси беномусу беватан, намояндаи ташкилоти террористии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Мирзораҳим Кузов (Шоҳнаими Карим) қатъиян маҳкум намуда, иброз медорад, ки шунидани ин хабар барои ҳар як шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон хеле дарднок аст.

Озод шудани ин хоини миллат бори дигар гувоҳӣ аз он медиҳад, ки намояндагони ин ҳизби террористӣ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ обрȳ эътибори миллати бофарҳанги тоҷикро дар назди хоҷагон ва сармоягузорони хориҷии худ мефурȳшанд ва барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ҳама роҳу воситаҳо истифода мебаранд.

Кабирӣ ва думравони беномуси ȳ бояд фаромȳш накунанд, ки намояндагони кишварҳои Аврупо ба мисли ȳ ватанфурȳш ва хоинонро барои мақсадҳои ғаразноки худ ва бар зидди давлату миллат истифода мебаранд. Чунин давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ баҳонаи дифоъ аз ҳуқуқи инсонро пеш меоранд, вале вақте сухан доир ба ҳадафҳои худи онҳо меравад, ҳама ҳуқуқу қонунҳоро поймол мекунанд.

Умуман аз иттилооти дуруст бархȳрдор набудан ва бе таҳлили дақиқ дахолат намудан ба корҳои давлати дигар хоси кишварҳои ҳангоматалаб аст. Мардуми тоҷик аллакай шаҳди талхи ҷанги таҳвилии бо ташаббуси ин хоинони миллат тарҳрезишударо чашидааст ва имрȳз метавонад ба кирдорҳои ноҷавонмардонаи Кабирию Кузов барин хиёнаткорон баҳои ҳақиқӣ диҳад ва намегузорад, ки чунин ашхоси хоину бедину беимон сулҳу ваҳдати комилро дар ҷумҳурӣ халалдор созанд.

ҳайати омȳзгорон ва донишҷȳёни донишгоҳ

Суроға

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ