Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсат ва устодону донишҷȳёни донишгоҳ ба Саидзода Навбаҳор дар даври ниҳоии озмуни мазкур комёбию пирȳзмандиро орзу мекунанд.

Ҳамоиши бошукȳҳ ба ифтихори Рȳзи Парчам

Бо арзи арҷгузорӣ ва ифтихор аз Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 23-юми ноябри соли равон ҳамоиши ботантана ба шарафи Рȳзи Парчам доир гардид.

Ҳамоиши бошукȳҳро бо суханони муқаддимавӣ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҷабов Р.К. ҳусни оғоз бахшид ва суханро ба доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҷабборов А. вогузор кард.

 

Профессор Ҷабборов А.дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парчами миллӣ, рамзи озодию истиқлол ва ваҳдату ҳувияти миллӣ будани он, давраҳои ташаккулёбии давлати истиқлолманди навини тоҷикон изҳори андеша кард. Баъд аз он, донишҷȳи курси 2-юми ихтисоси 25010402 Шодиева Умеда бо маърȳзаи «Парафшон бодо парчамат, Тоҷикистони азиз» баромад кард ва онро нишони озодию пирȳзӣ, худшиносию ифтихори миллӣ, фарҳангсолорию меҳанпарастии миллати куҳанбунёди мо тафсир намуд.

 

Дар бахши фарҳангии ин ҳамоиш донишҷȳёни боҳунари донишгоҳ бо сурудҳову рақсҳои ҷолиб дар боби меҳану меҳандустӣ, истиқлолияту парчам, рангҳову рамзҳои он, ҷавонию муҳаббат ва дȳстию рафоқат табъи аҳли нишастро хушу болида гардониданд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Суроға

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ