Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

ДОНИШГОҲИ МО-ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ШУМО!

Мизи мудаввар дар факултаи Молия ва бонкдорӣ

10-уми октябри соли равон соати 14.00 бо ибтикори мудири кафедраи «Андоз ва суғурта», номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ашуров Ғайрат Давлатович дар доираи ҷамъияти илмии донишҷȳён мизи мудаввар дар мавзȳи «Проблемаҳо ва рушди бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки директори генералии ташкилоти суғуртавии «БИМА» Хурсан Владимир Валеревич гузаронида шуд.

Дар оғози ин чорабинӣ декани факултети молия ва бонкдорӣ, номзадӣ илмҳои иқтисодӣ, Қурбонов Абдукарим оид ба фаъолияти ташкилоти суғуртавии «БИМА» суханронӣ намуд ва сипас суханро ба директори генералии ин ташкилот ҷаноби Хурсан Владимир Валеревич дод.

Хурсан Владимир Валеревич ба ҳайси директори генералии ташкилоти суғуртавии «БИМА» перомуни фаъолияти суғуртавии ин ниҳоди мазкур, дар бораи бозори суғурта ва ташаккулёбиву рушди ташкилотҳои суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Ҳамчунин, донишҷȳёни курси 3-юм ва 4-уми ихтисоси андоз ва суғуртаи факултети умури бонкӣ ба пурсишҳои бешумораи худ доир ба ин мавзȳи муҳиму мубрам барои ҷомеаи имрȳзаи мо посухҳои дурусту мушаххас гирифтанд.

Шубаи робита бо ҷомеа

Суроға

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ