Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсат ва устодону донишҷȳёни донишгоҳ ба Саидзода Навбаҳор дар даври ниҳоии озмуни мазкур комёбию пирȳзмандиро орзу мекунанд.

Варзишгарони тоҷик дар сабқати ҷаҳонӣ оид ба ҷиу - ҷитсу

      Аз 10-ум то 23-юми апрели соли равон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷавонон эълон шудааст, дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу дар байни ҷавонон баргузор гардид. Дар ин сабқати ҷаҳонӣ дастаи мунтахаби Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон дар ҳайати 15 нафар варзишгар, 1-нафар мураббӣ ва роҳбари федератсияи мазкур, устоди Донишгоҳи далвтаии тиҷорати Тоҷикистон Давлатов Алиҷон ширкат варзиданд ва сазовори 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ  гардиданд. Аз байни ин 15 нафар варзишгар Сабуров Мансурҷон, Тураева Фотима, Ибодов Ибодулло ҷои 1-ум, Ҳукматов Саидшоҳ, Абдураҳмонов Шамсиддин, Бобокалонов Мирзомуҳаммад ҷои 2-юм, Муҳаммади Сафиаллоҳ ва Раҳимов Абдураҳим ҷои 3-юмро ишғол намуданд.

 

www.jiujitsu.tj

 

Суроға

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ