Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Асосӣ Demo contents Habar ГУЛБОНГИ НАВРӮЗӢ

Таҳсилоти фосилавӣ

Sample image

Таҳсилоти замонавӣ дар инҷо бунёд мегардад.

Муфаcсал

Робитаҳои байналмилалӣ


Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Муфаcсал

Литсей

Sample image

Литсей дар назди донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

Муфаcсал

Китобхона

Sample image

Китобхонаи донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон .

Муфаcсал

Донишгоҳи мо - ояндаи дурахшони Шумо

Хабарҳо

Табодули таҷриба бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ Табодули таҷриба бо мақсади баланд бардоштани малакаи... Бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани тахассусияти к...
Ваҳдати миллӣ-ормону орзуҳои деринаи миллати тоҷик Ваҳдати миллӣ-ормону орзуҳои деринаи миллати тоҷик Имсол ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бисту як сол мешавад. Ба са...
Мулоқоти пандомӯз Мулоқоти пандомӯз 25-уми июни соли 2018 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ мулоқоти аъзоёни гурӯҳи анали...
Ваҳдати миллӣ пояи сулҳ аст Ваҳдати миллӣ пояи сулҳ аст Бузургтарин вазифаи наслҳои имрӯзаи халқи тоҷик аз он иборат аст, ки сулҳу ваҳдат, ягонагӣ ва якпорчагии Вата...
Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОНИ МУОСИР: МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ИННОВАТСИОНӢ - чунин буд мавзӯи конфронси ...
Дарси кушод оид ба амнияти молиявӣ Дарси кушод оид ба амнияти молиявӣ 1-уми июни соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори Донишкадаи «Ҷомеаи кушод»-и Хазина...
Замина ба оғози ихтисоси нав Замина ба оғози ихтисоси нав Бо ибтикори садорати факултети молия ва фаъолияти бонкии донишгоҳ 30-юми майи соли равон дар толори Шӯрои дис...
Оғози имтиҳонҳои ҷамъбастӣ Оғози имтиҳонҳои ҷамъбастӣ Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз 28-уми майи соли 2018 барои донишҷӯён имтиҳонҳои ҷамъбастӣ оғоз г...
Ба амну сулҳи кишвар шукр мебояд Ба амну сулҳи кишвар шукр мебояд Таъмини амну суботи кишвар, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ки дар саргаҳи онҳо ...
Дӯстиву ҳамкориҳои адабии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ Дӯстиву ҳамкориҳои адабии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер ... Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз бузургтарин шоирони адабиёти классикии мо буда, адабиёти пурғановати форсу тоҷикро ...
Конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат – рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон» Конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Пешвои милл... Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Пешво...
Сафари хидматӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Сафари хидматӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Аз санаи 15-ум то 19-уми майи соли ҷорӣ сафари ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ профессор Фақеров Ҳ.Н. в...
Озмуни иншои беҳтарин Озмуни иншои беҳтарин Тибқи нақша чорабиниҳои садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ бахшида ба Соли ру...
Баррасии масоили доғи рӯз Баррасии масоили доғи рӯз 22-юми майи соли 2018 дар толори асосии донишгоҳ мулоқоти намояндаи масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ в...
Рӯзи дарҳои кушода дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушода дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳур... Тибқи - нақша чорабиниҳои Дастгоҳи марказии ҲХДТ ва ташкилоти ҷамъиятии Созандагони Ватан, санаи 22.05.2018 Рӯзи ...

ГУЛБОНГИ НАВРӮЗӢ

15-уми марти соли 2018 дар факултети иқтисодиёт ва менеҷмент таҳти унвони «Гулбонги наврӯзӣ» дарси кушод (маҳфили фаннӣ) – и номзади илмҳои филологӣ, муаллима Сангинова Р.И. аз фанни забони тоҷикӣ бо иштироки донишҷӯёни фаъоли курси 1 - уми ихтисосҳои 250108 – баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, 250801 – баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит дар кори бонк ва 260202 – менеҷмент гузаронида шуд. Дар маҳфил намояндагони Раёсати таълим Раҳмонов Ғ., Усмонов М., декани факултети иқтисодиёт ва менеҷмент Мирзоалиев А.А., муовини декани факултет оид ба тарбия Қурбонова С., мудири кафедраи забонҳо, номзади илмҳои филологӣ Турди-Аханова И., муаллимаи калони кафедраи забонҳо, н.и.ф. Абдулазизова З.С. ва дигар омӯзгорон иштирок карданд.

Мақсади дарс ба воситаи қироати порчаҳои шеърӣ бурро намудани нутқи шифоҳии донишҷӯён ва хондани ашъори шоирони классику муосир дар васфи Ватан, Наврӯз, модар, таранннуми баҳору ишқ ва оид ба урфу одатҳои мардуми тоҷик дар рӯзҳои Наврӯз, ҷашнгирии Наврӯз дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва ҷаҳон, суннатҳои наврӯзӣ ва дӯстии мардуми тоҷик бо дигар давлатҳои ҷаҳон маълумот додан, иборат буд.

Дар оғози дарси кушоди тарбиявӣ муаллима Сангинова Р.И. оид ба пайдоиши иди Наврӯз маълумоти мухтасар дода, аз ҷумла қайд карданд, ки ҷашни Наврӯз аз комилтарину машҳуртарин ҷашнҳо аст, ки дар байни мардумони олам аз қаъри асрҳо то кунун эътибору манзалати худро ҳифз кардааст, зеро Наврӯз аз рӯзи нахусти ҷашнвора эълон гаштан ба худ хусусияти фаромилливу фароқавмӣ касб намуда, аз марзҳои фарҳангии мардумони эронитабор фаротар рафт ва қисми ҷудонопазири фарҳанги ҷаҳонӣ дар қаламрави инсонӣ гаштааст.

Сипас, донишҷуи курси 1-ум Каримова Мӯниса дар бораи пайдоиш ва аҳамияти истиқболи ҷашни Наврӯз маълумоти мухтасар баён намуд. Донишҷӯён Ҷӯраев С. ва Турдиев И. перомуни оростани дастархони наврӯзӣ, ва мазмуну рамзи ҳафт сину ҳафт шин маълумот доданд. Донишҷӯён дар бораи дӯстии халқҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон, ки имсол Наврӯзро ҷашн мегиранд, андешаҳои гуногун баён карданд. Дар байни дарс гузаронидани бозии шеърбарак (байтбарак) байни гурӯҳҳо мазмуну муҳтавои дарсро пурратару шавқовартар гардонид. Донишҷӯён аз ашъори шоирони классику муосир, порчаҳои зиёди шеъриро бо маҳорати баланд қироат намуданд ва маълум гардид, ки донишҷӯён Ашӯрова Н., Бобомуродзода Д. ва Каримова М. шеъри бештар медонанд.

Дар анҷоми дарси кушоди тарбиявӣ намояндаи Раёсати таълим, дотсент Раҳмонов Ғ. аз омӯзгор Сангинова Р.И. барои чунин дарси хубу шавқовар изҳори сипос кард ва ҳамагонро бо ҷашни ҷаҳонии Наврӯз табрику шодбош гуфт.

шуъбаи робита бо ҷомеа

ДОНИШҶӮ

МАГИСТРАТУРА

КОРМАНДОН

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Асосӣ Demo contents Habar ГУЛБОНГИ НАВРӮЗӢ