Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Асосӣ Demo contents Habar ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН…

Таҳсилоти фосилавӣ

Sample image

Таҳсилоти замонавӣ дар инҷо бунёд мегардад.

Муфаcсал

Робитаҳои байналмилалӣ


Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Муфаcсал

Литсей

Sample image

Литсей дар назди донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

Муфаcсал

Китобхона

Sample image

Китобхонаи донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон .

Муфаcсал

Донишгоҳи мо - ояндаи дурахшони Шумо

Хабарҳо

Табодули таҷриба бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ Табодули таҷриба бо мақсади баланд бардоштани малакаи... Бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани тахассусияти к...
Ваҳдати миллӣ-ормону орзуҳои деринаи миллати тоҷик Ваҳдати миллӣ-ормону орзуҳои деринаи миллати тоҷик Имсол ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бисту як сол мешавад. Ба са...
Мулоқоти пандомӯз Мулоқоти пандомӯз 25-уми июни соли 2018 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ мулоқоти аъзоёни гурӯҳи анали...
Ваҳдати миллӣ пояи сулҳ аст Ваҳдати миллӣ пояи сулҳ аст Бузургтарин вазифаи наслҳои имрӯзаи халқи тоҷик аз он иборат аст, ки сулҳу ваҳдат, ягонагӣ ва якпорчагии Вата...
Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОНИ МУОСИР: МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ИННОВАТСИОНӢ - чунин буд мавзӯи конфронси ...
Дарси кушод оид ба амнияти молиявӣ Дарси кушод оид ба амнияти молиявӣ 1-уми июни соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори Донишкадаи «Ҷомеаи кушод»-и Хазина...
Замина ба оғози ихтисоси нав Замина ба оғози ихтисоси нав Бо ибтикори садорати факултети молия ва фаъолияти бонкии донишгоҳ 30-юми майи соли равон дар толори Шӯрои дис...
Оғози имтиҳонҳои ҷамъбастӣ Оғози имтиҳонҳои ҷамъбастӣ Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз 28-уми майи соли 2018 барои донишҷӯён имтиҳонҳои ҷамъбастӣ оғоз г...
Ба амну сулҳи кишвар шукр мебояд Ба амну сулҳи кишвар шукр мебояд Таъмини амну суботи кишвар, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ки дар саргаҳи онҳо ...
Дӯстиву ҳамкориҳои адабии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ Дӯстиву ҳамкориҳои адабии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер ... Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз бузургтарин шоирони адабиёти классикии мо буда, адабиёти пурғановати форсу тоҷикро ...
Конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат – рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон» Конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Пешвои милл... Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Пешво...
Сафари хидматӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Сафари хидматӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Аз санаи 15-ум то 19-уми майи соли ҷорӣ сафари ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ профессор Фақеров Ҳ.Н. в...
Озмуни иншои беҳтарин Озмуни иншои беҳтарин Тибқи нақша чорабиниҳои садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ бахшида ба Соли ру...
Баррасии масоили доғи рӯз Баррасии масоили доғи рӯз 22-юми майи соли 2018 дар толори асосии донишгоҳ мулоқоти намояндаи масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ в...
Рӯзи дарҳои кушода дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушода дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳур... Тибқи - нақша чорабиниҳои Дастгоҳи марказии ҲХДТ ва ташкилоти ҷамъиятии Созандагони Ватан, санаи 22.05.2018 Рӯзи ...

ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН…

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Санаи 9-уми марти соли 2018  ҳамчун санаи тақдирсозу таърихсоз барои мардумони ду кишвари бо ҳам дӯст - Тоҷикистону Ӯзбекистон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.

Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 9-ум ва 10-уми марти соли равон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо якумин сафари расмӣ ба сарзамини кӯҳанбунёду сарсабзи Тоҷикистони азиз ташриф оварданд.

Ин ташрифи сарвари давлати ҳамсоя ба сарзамини офтобии мо натиҷаи сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ҳарду кишвар мебошад, ки тавонистанд овози қалби якояки мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистонро шунаванд.

Ташаббуси наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик дар симои ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонии қалби поки инсонидошта, меҳмондӯсту сулҳпарвар мебошад.

Шодиву хурсандии мардуми тоҷику ӯзбек дар чорабинии фарҳангии  «Шоми дӯстӣ», ки оғози муносибатҳои дӯстонаву ҳамдигарфаҳмии ин ду кишвари бо ҳам дӯст буд, дар толори фарҳангии Кохи Борбад баръало эҳсос мешуд.

Боиси ифтихор аст, ки ман низ ҳамчун як бонуи саодатманд ва олимаи ҷавон дар ҳайати намояндагони аҳли илми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирокчии бевоситаи ин чорабинии фарҳангиву таърихӣ будам. Ин рӯйдоди бузург барои ҳар як фарди ватандӯст дарси ибратомез буд. Аз ин хотир, бояд ҳар яки мо шукронаи  истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи кишвари азизамон намоем ва дар ободию шукуфоии меҳани воқеан ҳам зебоямон саҳмгузор бошем.

Мо, ояндасозони миллати азизамон кӯшиш менамоем, ки сиёсати оқилонаю  хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дӯстӣ ва ҳамкориҳои илмию фарҳангиро бо давлати ҳамсоя рушд ва тақвият диҳем.

Ҳофизи бузургвор беҳуда нагуфтаанд:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Басгул Исупова,
доктори илмҳои иқтисодӣ,
мудири шуъбаи робита бо ҷомеа

ДОНИШҶӮ

МАГИСТРАТУРА

КОРМАНДОН

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Асосӣ Demo contents Habar ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН…