Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ! Раёсати донишгоҳ ҳар яки Шуморо ба муносибати фарорасии моҳи шарифи рамазон, растагориву иҷобати дуо, хайру саховат ва муҳаббату шавқат аст, аз самими қалб табрику муборакбод менамоянд.

Асосӣ News and Events ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВИИ САЙЁР

ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВИИ САЙЁР

15-уми марти соли 2018 бо ташаббуси мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷорат, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Қудратов Н.А. ва муаллими калони ҳамин кафедра Мирзоев С.А. дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дарси кушоди тарбиявии сайёр бо иштироки донишҷӯёни курси 3-и ихтисоси 240101-ҳуқуқи байналмилалӣ доир гардид.

Дотсент Қудратов Н.А. зимни дарси тарбиявӣ суханони Суқротро оид ба он ки «Ҷомеа замоне ҳикмат ва саодат меёбад, ки мутолиа кори рӯзонааш бошад» шарҳ дода, ба донишҷӯён таъкид намуд, ки бештари вақти худро ба хондани китобҳои дарсӣ, бадеӣ, маҷаллаву рӯзномаҳо сарф намоянд, зеро шахс аз китобхонӣ бомаърифату донишманд ва зиндагиомӯз мегардад. Китоб хазинаи ганҷу ҳикмат ва боғистони донишҷӯю омӯзгор аст.

Дар дарси кушод, ҳамчунин, муаллими калон Мирзоев С.А. ба донишҷӯён оид ба одоби муошират ва хизматрасонии кормандони китобхона, тартиби истифода, дарёфти адабиёти зарурӣ ва низоми нусхабардории ҳуҷҷатҳои дар бойгонӣ маҳфуз, маълумот доданд.

Донишҷӯён ҳангоми тамошои осорхонаи забони тоҷикии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо дастнависҳо, нигораҳо ва ангораҳои забони қадимаи миллати тоҷик, ки давраҳои гуногуни рушду нумӯи онро фаро мегиранд, аз ҷумла бо китоби муқаддаси Авасто шинос шуданд. Зимни шиносоӣ дар он ҷо, дотсент Қудратов Н.А. ба донишҷӯён дар бораи аҳамияти таърихии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат - ҳастии миллат» маълумоти мухтасар пешниҳод карданд.

Дар анҷоми дарси кушоди тарбиявии сайёр аз ҷониби омӯзгорон – дотсент Қудратов Н.А. ва муаллими калон Мирзоев С.А. ва донишҷӯён оид ба сафари Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба кишвари мо ва мулоқоти эшон бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша карда шуд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ News and Events ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВИИ САЙЁР