Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ! Раёсати донишгоҳ ҳар яки Шуморо ба муносибати фарорасии моҳи шарифи рамазон, растагориву иҷобати дуо, хайру саховат ва муҳаббату шавқат аст, аз самими қалб табрику муборакбод менамоянд.

Асосӣ News and Events РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОДА ДАР ДДТТ

РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОДА ДАР ДДТТ

3-юми марти соли 2018 дар донишгоҳ «Рӯзи дарҳои кушода» баргузор гардид, ки дар он хатмкунандагон ва довталабон аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ширкат намуданд.

Онҳо бо заминаи моддӣ-техникии донишгоҳ ва ташкили раванди таълим аз наздик шинос шуданд. Инчунин, хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҳамсӯҳбат гардиданд ва аз шароити таълиму тарбия дар донишгоҳ маълумот пайдо карданд.

Мувофиқи барномаи таҳрезишуда ба муносибати «Рӯзи дарҳои кушода»-и донишгоҳ дар толори асосӣ бо ширкати муовини аввали раиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаффаров, роҳбарияти донишгоҳ ва зиёда аз 400 нафар довталаб маҷлиси тантанавӣ баргузор гашт.

Намояндаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмкунандагонро бо шароити баргузории имтиҳонҳо дар соли равон шинос намуда ва пасазон ба саволҳои довталабон посух гуфт.

Дар анҷоми маҷлиси бошукӯҳ барномаи фарҳангии гурӯҳи «Тоҷири аҷам»-и ДДТТ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Баъди намоиши фарҳангӣ дар толори Марказҳои тестии донишгоҳ санҷиши тестӣ гузаронида шуд, ки дар он 235 нафар довталаб ширкат намуданд.

Аз рӯи натиҷаи санҷиш ҷои аввалро Маҳмудов Бахтиёр – хонандаи литсейи ДДТТ бо 74 хол, ҷои дувумро Насимов Бунёд – хонандаи ҳамин литсей бо 72 хол ва ҷои севумро Забиров Шоҳрух – хонандаи мактаби №42 ишғол намуданд.

Ғолибон аз тарафи роҳбарияти донишгоҳ бо мукофотҳои арзанда қадрдонӣ карда шуданд.


шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ News and Events РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОДА ДАР ДДТТ