Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати ДДТТ ҷавонони донишгоҳ ва дар симои онҳо кулли ҷавонони кишварро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният мегӯяд.

Асосӣ News and Events Мизи мудаввари намояндагони ниҳодҳои давлатӣ

Мизи мудаввари намояндагони ниҳодҳои давлатӣ

9-уми феврали соли 2018 дар донишгоҳ бо ташаббуси Раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва Кумитаи кор бо ҷавонони ДДТТ дар мавзӯи "Пешгирии муқовимат ба савдои одамон – таъмини ҳаёти осоишта" мизи мудаввар бо иштироки муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза, прокурори калони Раёсати назорати тафтишоти пешакии Прокуратураи мамлакат Ғафуриён Абдуғаффор, намояндагони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ подполковники милитсия Шарифов Мисҳоқ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимова Маҳбуба, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Муҳаббатова Соима, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наботов Ҷумъабек ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Маллаева Шаҳрбону бо донишҷӯёни ДДТТ ва донишҷӯёни бахшҳои ҳуқуқи донишгоҳҳои  миллӣ, славянии Тоҷикистону Россия ва кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза бо сухани муқаддимавӣ ҳамоиши мазкурро оғоз кард ва суханро ба намояндаи Прокуратураи генералии мамлакат, мушовири адлияи дараҷаи 2-юм Ғафуриён Абдуғаффор вогузор кард.

Ғафуриён перомуни масоили мубрами ҷомеаи кунунӣ-хариду фурӯши одамон, ба вежа, занону кӯдакон, хусусияти хавфноки умумиҷаҳонӣ пайдо кардани он, муҳоҷирати меҳнатӣ, зиёдшавии ҷинояткорӣ, ба фоҳишагарӣ ҷалб кардани занону духтарон, хариду фурӯши узвҳою бофтаҳои бадани инсон ва қочоқи одамон изҳори андешаҳои муассир ва омӯзанда кард.

Дар раванди ин ҳамоиш намояндагони масъули  дигар ниҳодҳои давлатӣ низ оид ба мавзӯи мазкур афкору ақидаҳои муҳими худро баён намуданд.

Дар анҷоми ҳамоиш муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза ба Раёсат ва Кумитаи кор бо ҷавонони ДДТТ барои фароҳам овардани шароити мусоид дар гузаронидани мизи мудаввар изҳори сипос кард ва ба аҳли нишасти имрӯза дар симои меҳмонони гиромии ниҳодҳои давлатӣ ва донишҷӯён барору комёбиҳо орзу намуд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ News and Events Мизи мудаввари намояндагони ниҳодҳои давлатӣ