Сухани судманд бо семинари омӯзишӣ

Печать

Санаи 1-уми феврали соли 2018 дар донишгоҳ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Барномаи автоматикунонии раванди таълим” бо иштироки аҳли раёсат, раёсати таълим, роҳбарони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо гузаронида шуд.

Семинари омӯзишии мазкур аз ҷониби муаллими калон Бӯриев Беҳрӯз бисёр ҳам ҷолибу омӯзанда доир гардид ва дар анҷоми ин чорабинӣ аз ҷониби аҳли нишаст перомуни мавзӯи семинарӣ суолҳо пешниҳод гардид, ки ба ҳар яки ин пурсишҳо посухҳои аниқу муайян дода шуд.

Ҳамчунин, дар фарҷоми ин семинари омӯзишӣ ректори донишгоҳ Фақеров Ҳ.Н. суханронӣ карданд ва муҳимияти омӯзиши барномаи мазкурро дар замони рушди пурвусъати технологияҳои иттилоотию инноватсионӣ таъкид намуданд. Ректор Фақеров Ҳ.Н. дар идомаи сухан афзуданд, ки омӯзгорон бояд дар ин масъала фаъолу ҷиддӣ бошанд, дар сари вақт маълумотҳои худро ба саҳифаи электронӣ ворид намоянд, чун алъон аҳли омӯзгорони донишгоҳи мо қадамҳои нахустинро дар ин ҷода гузошта истодаанд ва ин амал боз як қадами устувори аҳли донишгоҳ дар масъалаи воридшавӣ ба фазои ягонаи муосири технологӣ мебошад.

Зимни идомаи сухани профессор Фақеров Ҳ.Н. ёдрас намуданд, ки барномаи мазкур имконият медиҳад, то ба ҳар як устод ва донишҷӯ баҳогузорӣ карда шавад ва дар поёни соли таҳсил натиҷаҳои таълиму тадрис ҷамъбаст гардида, унвонгирони омӯзгор-лидери сол ва донишҷӯ-лидери сол муайяну мушаххас карда шаванд.

Дар фароварди сухан устод Фақеров Ҳ.Н. ба ҳамаи омӯзгорони донишгоҳ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2017-2018 барору комёбиҳо ва тани дурусту осудагии хотир орзу карданд.

шуъбаи робита бо ҷомеа