Раёсати муҳосибот

Печать

Раёсати муҳосибот яке аз сохторҳои асосии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, соли 1987 ҳамчун шуъбаи муҳосибот ташкил карда шудааст. Кормандони сохтори мазкур ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки моликияти донишгоҳро ҳифз намуда, маблағҳои воридшударо барои ташкили раванди таълиму тарбия, иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техники ин боргоҳи илм самаранок истифода баранд. Дар ин ҷо аз соли 1998 ба низоми автоматикунонии муҳосибот гузаштаанд.

Аз ҳисоби маблағи донишгоҳ, толори замонавии варзиш, бинои китобхона, осоишгоҳ барои истироҳати кормандон, майдончаҳои теннис, волейбол, баскетбол ва бинои нави таълимӣ бунёд гардидааст. Биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи донишҷӯён пурра таъмир карда шуда, марказ ва синфхонаҳои компютерӣ, нуқтаи тиббӣ, бойгонӣ ва матбааи хурди “Тоҷир” сохта шудааст. Ҳар сол аз ҳисоби даромади донишгоҳ омӯзгорону кормандон барои истироҳату табобат ба осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ фиристода мешавад. Ҳамеша барои ташкил ва гузаронидани ҷашнҳо маблағи муайян ҷудо карда мешавад.

Барои нигоҳ доштани моликияти донишгоҳ сохтори мазкур соле як маротиба азнавбақайдгирии молу мулкро мегузаронад. Фаъолияти раёсат соле як бор аз тарафи мақомоти андоз, як маротиба дар ду сол аз ҷониби муассис-Иттифоқи Тоҷикматлубот ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида мешавад.

Раёсати муҳосибот ба масъалаҳои молиявӣ ва рушди стратегии донишгоҳ таваҷҷуҳи афзун зоҳир намуда, тамоми ҷанбаҳои иқтисодӣ, хоҷагӣ ва молиявии онро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Кулли кормандони раёсати муҳосибот саъю кӯшиш менамоянд, ки коргузорию хизматрасонӣ ва дигар корҳои марбут ба соҳаи муҳосиботро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.

Аз моҳи феврали соли 2017 Сайдулло Фаёзов ба ҳайси сармуҳосиби раёсат фаъолият менамояд.

Ҳайати кормандони раёсат ба тариқи зайл аст:

Раҳимов Ҳ., ҷонишини сармуҳосиб;

Пирова М., муҳосиби калон;

Муъминзода Ҳ., муҳосиб оид ба музди меҳнат;

Акрамов Э., муҳосиб оид ба донишҷӯён;

Саидова З., муҳосиб оид ба ҳисоботи мавод дар анбор;

Собиров Х., муҳосиб оид ба ҳисоботи шахсони масъул;

Бахтиёрзода М., муҳосиб оид ба ҳисоботи хазинавӣ ва бонкӣ;

Талбиев Ш., муҳосиб оид ба хазинадороӣ.