Сангмамадов Давлатмамад Сайфович
Мудир – кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ
н.и.ф.м., дотсент – кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ

________________________________________________________________________________________________________________________

Сангмамадов Давлатмамад Сайфович 1-уми июли соли 1957 дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ тавваллуд шудааст.

Соли 1979 Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкаро бо ихтисоси математика-физика хатм кардааст.

Баъди хатми донишкада дар вазифаи муаллими мактаби миёнаи №7 ноҳияи Шуғнон кор кардааст.

Соли 1989 муаллими мактаби миёнаи №8 шаҳри Хоруғ.

Соли 1990 муаллими мактаби миёнаи №2 шаҳри Хоруғ.

Аз соли 1996 ба ҳайси ассистенти кафедраи таҳлили математикаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ кор кардааст.

Соли 1998 ба вазифаи муаллими калони кафедраи таҳлили математикаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ таъйин шудааст.

Аз соли 2000 то соли 2010 дар вазифаи раиси кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ кор кардааст.

Соли 2011 ҳамчун муаллими калони кафедраи риёзиёт дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматфаъолият намудааст.

Аз соли 2014 вазифаи муаллими калони кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои  табиатшиносии  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба зима гирифтааст.

Сангмамадов Давлатмамад Сайфович соли 2016 рисолаи номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуда, сазовори унвони номзади илмҳои физика ва математика гардидааст.

Аз соли 2016 ба вазифаи и.в.мудири кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин шудааст.

Аз 7 июни соли 2017 дар вазифаи мудири кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои  табиатшиносии  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор мекунад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top