Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Ба маълумоти донишҷӯён мерасонем, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил ба муҳлати шаш моҳ дар Донишгоҳи Алма-Менеҷменти Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз гардид. Охирон муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 10-уми январи соли 2020 мебошад. Барои маълумоти иловагӣ ба шӯъбаи ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ муроҷиат намоед.

Асосӣ Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ

Кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таълими фанҳои табиатшиносӣ ва математикаро кафедраи «Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ» ба ӯҳда дорад. Дар ин кафедра ба донишҷӯёни ихтисосҳои донишгоҳ фанҳои математика, физика, химия, консенпсияи табиатшиносии муосир, техникаи гармо, усулҳои таълими физика-химия, механикаи назариявӣ, экология таълим дода мешавад.

Таълими ин фанҳо баҳри баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассисону бакалаврҳо ва ҷаҳонбинии онҳо равона карда шудааст.

Ин кафедра ба номҳои «Фанҳои умумӣ» (1987-1992) (мудириашро солҳои 1987-1990 дотсент Наҷмиддинов Ҳ. ва солҳои 1990- 1992 Қодиров А. ба ӯҳда доштанд), «Математикаи олӣ ва техникаи ҳисоббарор» (1992-1994 мудираш дотсент Маликова А.Ш), «Асосҳои назариявии машғулиятҳои лексионӣ технология пешқадам дар савдо ва хӯроки умумӣ» ( соли 1994, мудираш профессор Ҳ.Маҷидов), «Физика ва математикаи олӣ» (солҳои 1994-1995, мудираш академик Раҷабов Н.Р., солҳои 1995-1999 мудираш дотсент Юсупов С., солҳои 1999-2000 мудираш дотсент Шарипов Б., солҳои 2000-2001 мудираш дотсент Абдулваҳобов А.), «Математика ва технологияи пешқадам» (2001-2011, мудираш дотсент Юсупов С.Ю.) фаъолият менамуд.

Аз моҳи апрели соли 2011 кафедра бо номи «Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ» - ро дорад. Солҳои 2011-2012 мудири он, доктори илмҳои техникӣ, профессор Маҷидов Ҳ. буд.

Аз моҳи декабри соли 2012 то соли 2016 мудирии кафедраро номзади илмҳои физика-математика, дотсент Одинабеков Ҷ. М. ба ӯҳда дошт.
Аз мохи октябри соли 2016 рохбарии кафедраро номзади илмхои физика-математика дотсент Сангмамадов Д.С. ба ухда дорад.

Аз давраи таъсисёбӣ дар ин кафедра то соли 2011 устодон Икромов А., Исоев Р.С., Сангинов Ҳ.С., Маҳмадуллоев З. Н., Хушвахтова А., Насруллоева М., Ѓоибов Д., Ҷонов Г.Д., Саидов М. Ҳ., Одинамадов Қ.О., Муминов А., Табаров А.Қ., Солиева М. Ҳ., Носиров И.Н., Ёров Н.О., Пирназаров А., Асоева М.С., кор ва фаъолият менамуданд. Вазифаи лаборанти калони кафедраро дар солҳои фаъолияти кафедра Турдиев Д. ва Сафарова З. ба ӯҳда доштанд. Ҳоло вазифаи лаборанти кафедраро Абдуллоева А. иҷро намуда истодааст.

Асосан фаннҳое, ки аз тарафи омӯзгорони кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ барои ихтисосҳои ғайритабиатшиносӣ –гуманитарӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ таълим дода мешаванд, саҳми зиёди онҳоро дар баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассисон, бакалаврҳою магистрҳо нишон медиҳад. Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани таълими фанҳои табиатшиносӣ ва математикаи олӣ дар назди кафедра ду кабинети намунавии таълимии ба таври замонавӣ ҷиҳозонида таъсис дода шудааст.

Ин кабинетҳо бо схемаю ҷадвалҳо, диаграммаҳо, формулаҳои асосии фанҳои табиатшиносӣ ва математикаи олӣ, расмҳои олимони физикаю математикҳо ва гӯшаи методӣ оро дода шудаанд. Кабинетҳо бо техникаи замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар гӯшаҳои методии ин кабинетҳо барномаҳои таълимӣ ва номгӯю расми адабиёти таълимӣ ҷой дода шудааст. Дар ин кабинетҳо машғулиятҳои лексионию амалӣ аз фанҳои математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ дар сатҳи баланди илмию - методӣ гузаронида шуда истодаанд.

Дар кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба таълими фанҳо диққати махсус дода мешавад. Бо ин мақсад дар кафедра семинари илмӣ-методии мунтазам амалкунанда фаъолият менамояд ва дар чаласахои он методикаи таълими мавзӯҳои алоҳидаи фанҳои табиатшиносӣ ва математикаи олӣ муҳокима карда мешавад.

Бе донишҳои зарурӣ аз фанҳои математикаю табиатшиносӣ тайёр намудани мутахассисони баландпоя доир ба ин ихтисосҳо имконнопазир мебошад.

Дар кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ лабораторияҳои таълимӣ доир ба физика ва химия фаъолият менамоянд ва онҳо аз рӯи имконият таҷҳизонида шуда, бо маводҳои дидактикӣ оро дода шудаанд. Барои баланд бардоштани дараҷаи азхудкунии маводи таълимӣ дар низоми кредитии таҳсилот саволҳои тестӣ аҳаммияти арзанда доранд. Бо ин мақсад доир ба ҳамаи мавзӯъҳои фанҳои таълимии кафедра саволҳои тестӣ тартиб дода шудаанд ва аз онҳо барои пурсиши вазифаҳои хонагии донишҷӯён, супоридани рейтингҳо, имтиҳонҳои ҷамъбастии онҳо самарабахш истифода бурда истодаанд.

Бо мақсади аз фанҳои омӯхташаванда тасаввуроти пурра пайдо намудани донишҷӯён дар назди кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ маҳфилҳои фаннии «Математика дар иқтисодиёт», «Физика дар иқтисодиёт», «Химия дар иқтисодиёт», «Экология дар иқтисодиёт» фаъолият менамоянд.

Имрӯзҳо кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ ба яке аз кафедраҳои пешрафтаву пешқадами донишгоҳ табдил ёфтааст. Соли 2010 дар ҷамъбасти корҳои илмӣ- тадқиқотӣ дар байни кафедраҳои донишгоҳ кафедра ҷои аввал ва профессор он Ҳамид Маҷидов дар байни устодону профессорони донишгоҳ ҷои якумро ишѓол намуд. Дар панч соли охир оид ба ҷамъбасти корҳои илмӣ- тадқиқотӣ дар байни кафедраҳои донишгоҳ кафедра ҷои аввалро ишѓол менамояд.

Ҳангоми муқаррар намудани рейтинги кафедраҳо аз рӯи нишондоҳои асосӣ кафедра дар соли 2010-2017 яке аз ҷойҳои намоёнро дар байни кафедраҳои донишгоҳ ишгол намуд.

Кафедра доир ба чопи китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, дастуру тавсияҳои таълимию методӣ дар cе соли охир дар байни кафедраҳои донишгоҳ ҷои аввалро ишѓол менамояд.

Саффи устодони штатии кафедраро профессор Маҷидов Ҳ.М., профессор Тошбоев Ѓ. дотсентон Юсупов С.Ю., Табаров А.Қ. ва муаллимони калон Ёров Н.О., Идиев С.Б., Шокамолова Ҷ., Аҳмадова, дотсент Пирназаров А., муаллими калон Мисоқов Ѓ., Одинабеков Х., ассистентон Валиев Н. , Палавонов К. ва Олифтаев Н. пурра намуданд.Соли 2016 устодон Олифтаев Н. ва соли 2017 ФайзмамадоваЛ.Г. рисолаи номзадиашро бомувафакият ҳимоя намуданд.

Айни замон дар кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ 18 нафар омӯзгор, ки аз онҳо 2- нафар профессор, 1- нафар дотсент, 6- нафар номзади илм муаллими калон, 7-нафар муаллими калон ва 2-нафар ассистент ба таълиму тарбия машғуланд. Ѓайр аз ин, дар кафедра 5-нафар дотсент, ба сифати ҳамкорони дохилию беруна кор мекунанд.

Кӯшишҳои устодони кафедра дар олимпиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ натиҷаҳои назаррас додаанд. Соли 2003 аъзои маҳфилҳои фаннии кафедра дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойҳои ифтихориро гирифтанд, Раҷабова Нурҳаёт- донишҷӯи ихтисоси 250109 аз фанни физика (роҳбараш профессор Маҷидов Ҳ.), Буриев Фирдавс- донишҷӯи ихтисоси 250103 аз фанни математика (роҳбараш дотсент Юсупов С.Ю.) ҷойҳои якум, донишҷӯи ихтисоси 250109 Толибов Далер аз фанни кимиё (роҳбараш н.и.к.Табаров А.Қ.) ҷои сеюм, соли 2012 донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 250109 Бурҳонова Хубон (роҳбараш м.к. Мақсадов Ҳ.) ҷои сеюм, донишҷӯи курси якуми факултети иқтисодиёт ва менеҷмент Исматбекова Нозукмоҳ ҷои дуюмро соҳиб гардиданд.

Соли 2004 дар олимпиада аз фанни математика донишҷӯ Бӯриев Ф. ҷои чорум, донишҷӯ Саидмирзоева З. соли 2005 ҷои чорум ва соли 2006 ҷои панҷумро ишѓол намуд. Соли 2013 донишҷӯи курси якум Ҳавазов Д. сазовори ҷои сеюм шуд.

Соли 2017 донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 240101 Нуралиева Г дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» таҳти роҳбарии устоди калон Мақсадов Ҳ.И. сазовори ҷои аввал гардид.

Ҳамин тариқ, кафедраи «Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ» дар баланд бардоштани сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи стандартҳои давлатии соҳаҳои иқтисодиёт, ҳисобдорӣ, молшиносӣ, маркетинг ва тиҷорат саҳми арзанда гузошта истодааст.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ