Маркетинг, тиҷорат ва сервис

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз муассисаҳои таълимии бонуфузи кишвар ба ҳисоб рафта, зиёда аз сиву панҷ сол аст, ки мутахассисони баландихтисоси соҳаи маркетинг, тиҷорат, молшиносӣ ва сервиси тарабхона ва меҳмонхонаҳоро омода мекунад.

Кафедраи маркетинг ва тиљорат 5 июли соли 1997 бо қарори Шўрои олимони донишгоњ дар натиљаи тақсим шудани кафедраи маркетинг, тиљорат ва молшиносї ба ду кафедраи алоҳида, маркетинг ва тиљорат, молшиносї ва экспертизаи молҳо ташкил гардидааст.

Кафедраи маркетинг, тиљорат ва молшиносї соли 1993 ташкил шуда, мудири он н.и.и., дотсент Аминов И.А. ва аз соли 1995 мудирии кафедра ба уҳдаи н.и.и., дотсент Ҳамитов М.С. гузошта мешавад.  Аз 1 сентябри соли 1998 то 2006 мудири кафедраи маркетинг ва тиљорат ба ӯњдаи н.и.и., дотсент Норќузиева Б. гузошта шуд. Аз соли 2006 то 2014 дар ин вазифа н.и.и., дотсент Табаров Л.Т., фаъолият намуд. Аз соли 2014 то имрӯз мудирии кафедра ба ўњдаи н.и.и., дотсент Њакимов А.А. гузошта шудааст.

Дар кафедраи мазкур докторони илмҳои иқтисод, профессорон Бобоев О.Б., Шарифзода М.М., Аминов И.А., Хоҷаев П.Д. ва Мадаминов А.А. кору фаъолият намудаанд.

Айни замон  дар кафедра н.и.и., дотсентон Саидов С.С., Ҳакимов А.А., Ҳамитов М., Хубони С., Урунова С.А., Мараимов Б.М. Таваров Л.Т., Табаров А.Қ., Нуриддинов Б.Х., муаллимони калон Шамсов Ф.Т, Асоева М.С., Ҳикматова М.С., Суфиев М.М., Холов М.Х., Абдурањмон Њ., Ясакиева С.А., Шаропов Ф.Н. ва ассистент Љаъфархони Ш. фаъолият менамоянд.

Дар кафедра аз фанњои маркетинг, тадқиқоти маркетингӣ, коммуникатсияи маркетингӣ, асосњои фаъолияти тиљоратї, тиҷорати байналмилалӣ, номгӯи молҳои  ФИБ, муайянкунӣ ва ошкор намудани қалбакикории маҳсулот, логистикаи тиҷоратӣ, молшиносӣ ва муоинаи молҳо дар фаъолияти гумрукӣ, усулҳои таҳлили физикию кимиёвӣ, фаъолияти реклама, эстетика ва дизайни молњо, ташкил ва технологияи муосири савдо, стандартизатсия, метрология ва  сертификатсияи молҳо, брендинг, мерчендайзинг, технологияи хӯроки умумӣ, молшиносӣ ва муоинаи молҳо, этикаи савдо ва ғайра ба донишҷӯён дарс омўхта мешаванд.

Устодони кафедра дар мавзўи Тањлили вазъи бозори истеъмолии Ҷумњурии Тољикистон корњои илмї –тадќиќотї  бурда истодаанд.

Устодони ботаљриба барои рушди фаъолияти кафедра ва пешравии корҳои илмию таълимии омўзгорони љавон саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Дар марҳилаи навовариҳои босуръат ва ҷаҳонишавии устувори иқтисодиёт раванди татбиқи маркетинг дар иқтисодиёт омили хеле муҳим буда, омӯзиши амиқро талаб мекунад.

Дар шароити муосири иқтисоди бозорӣ ягон ширкати тиҷоратӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ бе истифода аз усулҳои пешқадами маркетинг наметавонад ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Имрӯзҳо маркетинг яке аз унсурҳои муайянкунандаи пешрафти иқтисодиёти мамлакатҳо ба шумор меравад. Иқтисодиёт – оинаи миллат ва маркетинг бошад, калиди тиҷорат мебошад. Рушди иқтисодиёти давлат бе мутахассисони соҳаи  маркетинг ва тиҷорат ғайриимкон аст. 

Айни замон, дар ҷаҳон ихтисосҳои маъмултарин ва серталаби соҳаи иқтисод ва савдо ин маркетинг, тиҷорат, молшиносӣ ва сервиси тарабхона ва меҳмонхонаҳо ба шумор мераванд.

Афзалиятҳои ихтисосҳои маркетинг, тиҷорат дар бозори берунӣ, молшиносӣ ва мумаизи молҳо ва сервиси тарабхона ва меҳмонхонаҳо:

  • талабот ба он дар бозори меҳнат зиёд аст;
  • музди меҳнати зиёд (аз ду то ҳашт ҳазор сомонӣ дар ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  • имконияти кор ҳам мустақилона ва ҳам дар ширкатҳо;
  • имкони кӯмак ба ширкатҳо дар рушди тиҷорат ва соҳибкории худ;
  • касби ҷолиб ва шавқовар;
  • муошират бо одамони ҷолиби табақаҳои гуногуни ҷамъият;
  • дастрасии таълим (дар аксар донишгоҳҳои кишвар мутахассисони ин соҳаи тайёр карда мешаванд);
  • имконияти кор дар дилхоҳ мамлакати дунё ва ғайра.

Яке аз монеаҳои асосӣ барои рушди ихтисосҳои номбурда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки мардум ҳанӯз ҳам ба моҳияти он дуруст сарфаҳм намераванд.  Инчунин, мавҷуд набудани боварӣ яке аз муаммоҳои дигари онҳо дар Тоҷикистон мебошад. Ҳанӯз ҳам қисмати зиёди ширкатҳои Тоҷикистон ба маънои ихтисосҳои маркетинг, тиҷорат дар бозори берунӣ, молшиносӣ ва мумаизи молҳо, сервиси тарабхона ва меҳмонхонаҳо дуруст сарфаҳм намераванд.

Бањри баланд бардоштани савияи дониши донишљўён дар кафедра, љамъияти илмии донишљўён фаъолият мекунад, ки дар он сексияњои илмї-таҳќиќотии таҳќиќоти маркетингї, фаъолияти тиљоратї, асосҳои молшиносӣ ва стандартикунонӣ амал менамояд. Дар кори сексияњо донишљўёни курсњои гуногун љалб карда шудаанд, ки дар ду њафта як маротиба рӯзҳои панљшанбе дар мавзўъњои гуногун бо маърўзањои худ баромад мекунанд.

Кафедраи маркетинг, тиљорат ва сервис бо вазорат, корхонаю ташкилот ва идорањои бонуфӯзи зерини кишвар ҳамкориҳои зич дорад:

Раёсати Иттифоќи Тољикматлубот, Вазорати рушди иќтисод ва савдои  Љумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Љумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Љумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Љумҳурии Тоҷикистон, як қатор бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзӣ, Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, Ассотсиятсияи рекламадињандагони Тољикистон, Агентии рекламавии ЉДДМ «КТМ», Агентии рекламавии «ТАЙРОН» ва ғайра.

Дар кафедраи маркетинг, тиҷорат ва сервис омӯзгорони ботаҷрибаи унвондор ба донишҷӯён дарс мегузаранд. Дар кафедра тамоми шароит барои тайёр намудани мутахассиони соҳаи маркетинг, тиҷорат, молшиносӣ ва сервиси тарабхонаҳо муҳайё буда, омӯзгорон дар раванди таълим аз восита ва усулҳои муосири техникӣ истифода мебаранд.

Кафедраи мазкур бо маводҳои таълимӣ бо забони тоҷикӣ пурра таъмин буда, донишҷӯён дар иҷро намудани корҳои мустақилона, реферат, корҳои курсӣ ва рисолаҳои хатм самаранок истифода мебаранд.

Омӯзиш ва таҳлили вазъи иқтисоди муосири Љумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, ки пешрафти иқтисодиёти мо аз мутахассисони баландихтисоси соҳаи маркетинг ва савдо вобастагии калон дорад.

Хатмкунандагони кафедраи мазкур дар тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, хизматрасонӣ, аз ҷумла, Раёсати иттифоќи Тољикматлубот, Вазорати рушди иќтисод ва савдои  Љумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Љумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Љумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Љумҳурии Тоҷикистон, як қатор бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзӣ, Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва ғайра кору фаъолият карда истодаанд.

  Аз ин лиҳоз, довталабоне, ки дар оянда соҳиби касби арзанда, ҷои кори муносиб ва музди меҳнати баланд шудан мехоҳанд, пас ихтисосҳои  260203 – маркетинг, 250110 - тиљорат дар бозори берунї, 250109 – молшиносӣ ва муоинаи молҳо ва 910201 – сервиси тарабхона ва меҳмонхонаҳоро интихоб намоянд.

Рушди соҳаҳои тиҷорат, соҳибкорӣ, саноат, хизматрасонӣ ва дар умум иқтисодиёти Љумҳурии Тоҷикистон аз Шумо вобаста аст.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top