Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Маркетинг ва тиҷорат

Кафедраи «Маркетинг ва тиҷорат» 5-уми июли соли 1993 бо қарори Шȳрои илмии донишкада баъди ба кафедраҳои «Маркетинг ва тиҷорат» ва «Молшиносӣ ва экспертизаи молҳо» тақсим шудани кафедраи «Маркетинг, тиҷорат ва молшиносӣ» таъсис шудааст. Вазифаи мудири кафедраи мазкурро н.и.и., дотсент Аминов И.А. ба ȳҳда дошт. Аз соли 1996 н.и.и., дотсент Ҳамитов М.С. ва баъдан то соли 2005 н.и.и., дотсент Норқȳзиева Б. дар вазифаи мудири кафедраи мазкур кор ва фаъолият карданд. Соли 2006 ба ин вазифа Таваров Л.Т. таъйин шуда буд.

Аз моҳи декабри соли 2014 н.и.и., дотсент Ҳакимов А.А. вазифаи мудири кафедраи «Маркетинг ва тиҷорат» - ро ба ȳҳда гирифтааст.

Кафедраи «Маркетинг, тиҷорат ва молшиносӣ» аз октябри соли 2017 ба кафедраи «Маркетинг ва тиҷорат» табдил ёфт.

Ҳоло дар кафедра доктори илмҳои иқтисодӣ Хоҷаев П.Д., номзади илмҳои иқтисодӣ Норкузиева Б.Н., ва омӯзгорон Урунова С.А., Шамсов Ф., Асоева М., Проштов А.Р., Раҳимдоди Х., Фатҳиев Б.М.,  Шарифов Ф.Ф., Мараимов Б.М., Ҷафархони Ш., Абдураҳмон Ҳ., Раҳмонова Г. ва Сатторова М. фаъолият менамоянд.

Устодони кафедра дар мавзȳҳои «Таҳлили вазъи бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазъ ва дурнамои рушди кооператсияи матлубот дар замони муосир»  корҳои илмӣ – тадқиқотӣ  бурда истодаанд.

Устодони ботаҷриба барои рушди фаъолияти кафедра ва пешравии корҳои илмию таълимии омȳзгорони ҷавон саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Баҳри баланд бардоштани савияи дониши донишҷȳён дар кафедра, ҷамъияти илмии донишҷȳён фаъолият мекунад, ки дар он сексияҳои илмӣ-тадқиқотии тадқиқоти маркетингӣ ва фаъолияти тиҷоратӣ амал менамояд. Дар кори сексияҳо донишҷȳёни курсҳои гуногун ҷалб карда шудаанд, ки дар 2 ҳафта 1 маротиба рузи панҷшанбе  дар мавзȳҳои гуногун бо маърȳзаҳои худ  баромад мекунанд.

Ҳамаи устодони кафедра дар конференсияҳои илмии донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ бо маърȳзаҳои худ баромад менамоянд.

Дар кафедра мутахассисонро аз рȳи ихтисосҳои зерини дараҷаи   бакалавриат ва магистр тайёр менамояд:

 25.01.10 - тиҷорат дар бозори берунӣ;
 26.02.03.01 -  фаъолияти рекламавӣ;
 26.02.03.05 - маркетинги байналмиллалӣ;
 26.02.03.12 - маркетинг дар сайёҳӣ.    

Кафедраи маркетинг ва тиҷорат бо якчанд корхонаю ташкилотҳо ва идораҳо алоқаи ҳамкорӣ дорад:

    Раёсати иттифоқи Тоҷикматлубот;
    Вазорати рушди иқтисод ва савдои  ҶТ;
    Ассотсиятсияи рекламадиҳандагони Тоҷикистон;
    Агентии рекламавии  ҶДДМ  «КТМ»;
    Агентии рекламавии  ҶДДМ  «TAG»;
    Агентии рекламавии   «ТАЙРОН»;
    ҶДММ ГЕНЕРАЛ ТРЕЙДИНГ «АҲУРО».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Вы здесь: Асосӣ Маркетинг ва тиҷорат