Саидова Мунавар Ҳамидовна
Декани факултети тиҷорат ва гумрук – раёсат
д.и.и., дотсент – кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат

_______________________________________________________________________________________________________________________________________

Саидова Мунавар Ҳамидовна 18-уми  декабри соли 1960 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
Соли 1982 Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи М.И. Калининро бо ихтисоси мурабии варзиши сабук хатм кардааст.

Саидова М.Ҳ. баъди хатми донишкада ба ҳайси ассистенти кафедраи тарбияи давлатии ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба кор қабул шуд.

Аз соли 1990 ба вазифаи муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои Тоҷикистон таъйин шудааст.

Соли 1997  ҳамчун муалиими калон, мудири сектори варзишии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба кор қабул шудааст.

Соли 2004-ум Саидова М.Ҳ. рисолаи номзадиашро дифо намуда, сазовори дипломи номзади илмҳи иқтисодӣ гардидааст.

Аз соли 2005 вазифаи мудири кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии тиҷорати  Тоҷикистонро иҷро намудааст.

Соли 2008 ба Садова М.Ҳ. аттестати дотсентӣ супорида шуд.

Аз соли 2014 дар вазифаи дотсенти кафедраи дотсенти кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Соли 2017 бо муваффақият рисолаи доктории худро ҳимоя намудааст.

Аз сентябри соли 2017 дар вазифаи дотсенти кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор кардааст.

Бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Саидова М.Ҳ. аз ноябри соли 2017 ба вазифаи декани факултети тиҷорат ва гумрук таъйин шудааст.

Саидова М.Ҳ. дар давоми фаъолияти кории худ зиёда аз 5 монографияи илмӣ ва 115 мақолаҳои илмиро навиштааст.

Корҳои илмии Саидова М.Ҳ. бо проблемаҳои рушди иқтисодиёт дар соҳаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста аст.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top