Кафедраи андоз ва суғурта

Кафедраи андоз ва суғурта ҳамчун ҷузъи таркибии факултети молия ва фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолияти худро аз 1-уми сентябри соли 2017 оғоз намудааст. Сарварии онро номзади илмҳои иқтисодӣ Ашуров Ғайрат Давлатович ба уҳда доштанд. Аз 1-уми ноябри соли 2018 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдукарим Қурбонов ба ҳайси мудири кафедра фаъолият намудааст.

 

Аз моҳи январи соли 2023 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдукарим Қурбонов дар вазифаи мудири кафедра фаъолият менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки таҳти сарпарастии устодони кафедра дар факултет кадрҳои баландихтисос бо ихтисосҳои 25010403 – андоз ва андозбандӣ, 25010404- суғурта ва 250105 – омор дар шуъбаҳои рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ омода карда мешаванд.

Кафедра дар бинои таълимии №1, ошёнаи 4 ҷойгир шудааст. Донишҷӯёни марбут ихтисосҳои кафедра дар синфхонаҳои ҳамин қабат таҳсил менамоянд ва омӯзгорони кафедра раванди дарсҳо, давомоти донишҷӯён, ҳолати 12 синфхонаи таълимӣ ва навбатдориро пурра бар душ гирифта, дар ташкили фаъолияти таълимию тадрисӣ саҳми назаррас доранд.

Соли сеюм аст, ки кафедраи андоз ва суғурта вуҷуд дорад. Дар ин раванд тамоми ҳуҷҷатгузориҳо, барномаҳои корӣ, силлабусҳо, матни лексияҳо, саволномаҳои фаннӣ, тестҳои имтиҳоноти ҷамъбастӣ, дастури методӣ оид ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва ғайраҳо аз нав омода гардиданд.

Пешрафти фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва таълимию тарбиявии кафедра пеш аз ҳама аз таркиби дурусти ҳайати профессорону устодон, сатҳи унвондорони илмӣ дар чорчӯбаи ҷадвали мансабдорӣ иборат буда, мувофиқи талаботи қонунгузорӣ ҳиссаи устодони унвондор на бояд аз 50% -и миқдори умумӣ кам бошад, ки, хушбахтона, кафедра ба ин нишондиҳанда зина ба зина ноил мегардад. Хушбахтона, дар соли таҳсили 2018-2019 ду нафар аз омӯзгорони кафедра муаллимони калон Султонов З. С. ва Раҷабов К. Р. рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Дар соли таҳсили 2019-2020 боз се нафар аз омӯзгорон ҳимояи рисолаҳои худро ба нақша гирифтаанд; Ашӯров Ғ. Д. (аз ҳимояи пешакӣ гузаштааст) рисолаи доктори илмҳои иқтисод, Тӯраева М. рисолаи номзади илмҳои иқтисодӣ (аз ҳимояи пешакӣ гузаштааст) ва Ҳомидова С. (аз ҳимояи пешакӣ гузаштааст) рисолаи номзади илмҳои иқтисодӣ.

Вобаста ба навтаъсис будани кафедра ва доштани сарбории начандон калон дар кафедраи андоз ва суғурта аз оғози соли таҳсили 2019-2020 8 нафар омӯзгорони асосӣ ва 5 нафар ҳамкорон фаъолият менамоянд.

Аҳли омӯзгорони кафедра тамоми кӯшишу ғайрати худро барои хубу босифат гузаронидани дарсҳои лексионию амалӣ пурра сафарбар намуда, дар тартиб додани воситаҳои аёнӣ, маводи тақсимшаванда барои дарсҳои назариявию амалӣ, тестҳо, ҳалли масъалаҳои мушаххас саҳм мегузоранд.

Боиси хурсандист, ки дар соли таҳсили 2018-2019 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мисоли кафедраи андоз ва суғурта ҳамчун донишгоҳи базавии мамлакатҳои ИДМ доир ба омода намудани мутахассисони соҳаи суғурта қабул гардид, ки он боз ҳам масъулияти зиёдро аз ҳайати профессорӣ ва омӯзгории кафедра тақозо менамояд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top