Печать

Кафедраи молия

Кафедраи молия соли таҳсили 1993-1994 дар заминаи кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва молия таъсис ёфтааст. Дар тўли солҳои фаъолияташ кафедра бо номҳои гуногун-менеҷменти молиявӣ (1994-1995), молия ва омор (1995-1996), молия ва гумрук (1996-1997), молия ва қарз (1997-2021)  ва аз соли 2021 то имрӯз бо номи молия фаъолият дорад.

Устодони кафедра аз фанҳои зерин: молия, молияи корхона, молия, гардиши пул ва қарз, бозори коғазҳои қиматнок, суғурта, муомилоти пулӣ ва қарз, маблағгузорӣ, маблағгузории хурд, низоми буҷавӣ, фаъолияти биржавӣ, муносибатҳои асъорӣ, молиявӣ ва қарзии байналхалқӣ, баҳодиҳии иқтисодии маблағгузорӣ, молияи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, , молияи давлатӣ ва маҳаллӣ, хазинадорӣ, ба донишҷўён таълим медиҳанд.

Аз соли 2020 то ба имрўз номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент  Дӯстматов Б.М. ба ҳайси мудири кафедра фаъолият менамояд.

Ҳамкории кафедра бо корфармоён

Кафедраи молия кӯшиш менамояд, ки мутахасисони арзандаро ба истеҳсолот равон кунад ва бо корфармоён робитаи устувору судманд дошта бошад. Бакалаври хатмкардаи донишгоҳ дар давоми якчанд сол мутахассиси дараҷаи баланд шуда метавонад. Имрӯз кафедра ва корфармоён аз дониши донишҷӯён қаноатманд буда, аз онҳо фаъолият ва малакаи касбиро интизоранд.

Фаъолияти касбӣ фаъолиятест, ки дар он маҷмӯи донишҳои махсус ва малакаҳои амалӣ дар натиҷаи таълими мақсаднок ба даст оварда шудааст. Хусусияти фаъолияти касбии бакалаврҳои кафедра инҳоро дар бар мегирад:

- тавсифи фаъолияти касбӣ;

- муайян кардани объектҳои фаъолияти касбӣ;

- намудҳои фаъолияти касбӣ;

- вазифаҳои фаъолияти касбӣ.

Дар айни замон, кафедра бо ташкилоту корхонаҳои зерин ҳамкории зич дорад: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи Тоҷикматлубот, ҶСК «Ориёнбонк», БДА ҶТ «Амонатбонк», Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ, ширкатҳо ва ғайраҳо.

Корҳои илмӣ – таҳқиқотии кафедра

Кафедраи молия  фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худро дар доираи мавзўи “Баъзе масъалащои ташкилию иқтисодии рушди низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ”, пеш бурда истодааст ва устодони кафедра доир ба мавзӯи зикршуда корҳои зиёди илмиро ба анҷом расонданд.

Дар кафедра устодони ҳамкор д.и.и., профессорон Раҷабов Р.К., н.и.и., дотсент Алимов К.К.,  н.и.и., дотсент Султонов З.С.,  муаллимони калон Сафолов Ф.С., Ғуломова Ҳ., фаъолият менамоянд

Ҳайати омӯзгорони кафедра:

Дӯстматов Баҳодур Муродович, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи молия

Ҷабборов Абдусаттор, профессор

Абдуллоев Азаматулло Бобоҷонович, н.и.и., дотсент

Раҳматова Кибриё Нематовна, муаллими калон

Раҳматов Сияршо Маҳмадшоевич, муаллими калон

Холаҳмади Сайалӣ, муаллими калон

Наботова Парниён Ҷумъахоновна, муаллими калон

Ашӯрова Миҷгона Таваккаловна, муаллими калон

Олифтаева Моҳрӯ Абдулниёзовна, ассистент