Кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат

Печать

Кафедраи  менеҷмент дар заминаи кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ тибқи қарори Шӯрои илимони донишгоҳ таҳти №1 аз 31.08.2006 ҳамчун кафедраи менеҷмент ба фаъолият оғоз намудааст. Номи кафедра бо қарои Шӯрои олимони донишгоҳ таҳти №2 аз 01.12.2015 ба кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат иваз карда шуд. Зарурати ташкил намудани ин кафедраро инкишофи муносибатҳои нави иқтисодӣ, раванди ҷаҳонишавӣ, такмили усулҳои идоракунии сохторҳои гуногун  ва тарбияи роҳбарону менеҷерон бо нигоҳи нав барои соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сайёҳиву меҳмоннавозӣ ба миён овард. Роҳбарии кафедраро аз соли 2006 то 2013 номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент Мирзоалиев А.А. ба уҳда дошт ва дар ин муддат кафедра ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. Аз соли 2013 то 2018 роҳбарии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ Аминов Ф.И. ба уҳда дошт. Аз ноябри соли 2018 то ин ҷониб роҳбарии кафедраро н.и.и., дотсент Мирзоалиев А.А. ба уҳда дорад.

Имрӯз омӯзгорони кафедра тамоми кӯшишу ғайрати худро барои хубу гуворо гузаронидани дарсҳои лексионию амалӣ пурра сафарбар намуда, дар таҳияи китобҳои дарсӣ, комплексҳои таълимӣ-методӣ, воситаҳои аёнӣ, маводи тақсимшаванда барои дарсҳои назариявию амалӣ, тестҳо, ҳалли масъалаҳои мушаххас сарф менамоянд.

Дар кафедраи менеҷмент  донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои 260202 - менеҷмент,  890101 – сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ва  26020222- менеҷменти тарабхона ва меҳмонхонаҳо таълим мегиранд.

Кафедра бо пойгоҳи хуби таълимию методӣ, кадрӣ ва техникӣ таъмин буда, барои омӯзонидани асосҳои менеҷмент, менеҷменти савдо ва хӯроки омма,  менеҷменти тиҷорат, менеҷменти стратегӣ, менеҷменти молиявӣ, менеҷменти навовариҳо, менеҷменти сайёҳии байналмилалӣ ва меҳмонхонадорӣ, таърихи сайёҳӣ, тараққиёти сайёҳӣ, асосҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонадорӣ, рафтори ташкилӣ, назария ташкилӣ, санъати роҳбарӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, идоракунии корхонаҳои савдо, идоракунии хоҷагиҳои кооперативӣ, идоракунии кормандон, идоракунии сифат, тадқиқоти низоми идоракунӣ, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти меҳнат, менеҷменти кооператсияи матлубот, ташкил ва меъёрдории музди меҳнат, ташкил ва идоракунии ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, психология ва ахлоқи идоракунӣ, менеҷменти иҷтимоӣ, менеҷменти вақт, менеҷменти сифат, идоракунии зиддибуҳронӣ ва фарҳанги меҳмонхонадорӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебарад.

  1. Корҳои илмӣ – тадқиқотии кафедра

            Самти асосии тадқиқоти илмии донишгоҳ «Дурнамои рушди соҳаи хадамот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян шуда буд. Дар ин асос, кафедраи менеҷмент  фаъолияти илмӣ-тадқиқотии хешро аз рӯи мавзӯҳои «Идоракунии муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ: мониторинг, тараққиёт ва стратегияи он дар иқтисоди инноватсионӣ »,  «Ташаккул ва такмилдиҳии рушди соҳаи сайёҳӣ ва хадамот дар шароити иқтисоди рақамӣ» ва  «Идоракунии вазъи бозори истеъмолӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ»  идома дода, дар чорчӯбаи ин мавзӯъ, омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедра бо самтҳои мушахасс фаъолияти назаррас доранд.

Омӯзгорони кафедра натиҷаҳои корҳои илмӣ - тадқиқотиашонро хулоса намуда, фишурдаи маърӯзаҳояшонро дар конфронсҳои гуногун мавриди баҳс ва муҳокима қарор медиҳанд.

Боиси ифтихор аст, ки омӯзгорони кафедра Мизробов С.С., Ҳисориева Г.Т., Машокиров Ҷ.Н., Маърупова Н.Ш. ва Мумтоз Назирӣ  дар солҳои 2021-2022 рисолаҳои номзадии худро дар Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ  бомуваффақият дифоъ намуданд.

  1. Ҳамкори бо корфармониён

Бояд зикр намуд, ки  кафедра  барои татбиқи назария бо амалия баҳри ташкил ва баргузории   таҷрибаомузии истеҳсолӣ  бо  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК “Меҳмонхонаи Тоҷикистон”, «Хаят Реҷенси», «Душанбе» ва «Серена», Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  як қатор ширкатҳои сайёҳӣ. ба монанди «Бунёд тур», «Тоҷик тур», «Атлас Тревел», «Тоҷиксафарӣ», «Олами саёҳат»  ҳамкории судманду ояндасоз дорад.

  1. Ҳайати омӯзгорони кафедраи менеҷмент

Ному насаби омӯзгорон

Дараҷа ва унвони илмӣ

1.

Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич

н.и.и., дотсент, мудири кафедра

2.

Саидова Мунаввар Ҳамидовна

д.и.и., профессор

3.

Аминов Фотеҳҷон Иномҷонович

н.и.и., дотсент

4.

Саломова Умия Туйчиевна

 н.и.и., и.в. дотсент

5.

Ҳисориева Гулнора Тоировна

н.и.и., и.в. дотсент

6.

Абдуллоев Зафар Асҳобович

муаллими калон

7.

Мизробов Саидафзал Саидхоҷаевич

н.и.и., и.в. дотсент

8.

Машокиров Ҷаҳонгир Неъматуллоевич

н.и.и., и.в. дотсент

9.

Раҳмонов Исмоил Қаҳҳорович

муаллими калон

10.

Кабутов Қурбоналӣ Мирзоевич

муаллими калон

11.

Марупова Нигора Шоназаровна

н.и.и., и.в. дотсент

12.

Ҳусенов Бойалӣ Алиевич

н.и.п.,  дотсент

13.

Ҳабибова Сабоҳат Сафиувлоевна

н.и.и., и.в.дотсент

14.

Пулатова Шаҳноза Бахтиёровна

н.и.и., и.в. дотсент

15.

Мумтоз Назирӣ

н.и.и., муаллими калон

16.

Ҳакимова Манижа Абдулвосеевна

ассистент

17.

Исвалиев Сулаймон Ҷурахонович

н.и.и., и.в. дотсент

Бояд зикр намуд, ки дар соли таҳсили 2022-2023 дар кафедраи менеҷмент  ҳамагӣ 17 нафар омӯзгор  ба фаъолияти илмиву педагогӣ машғул мебошад ва аз ин миқдор дар умум 76,47% соҳиби унвонӣ илмӣ аст. Ҳоло дар кафедра 3 нафар омӯзгор барои ҳимоя дар соли 2023 омодагӣ доранд.