Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод. Эмомалӣ Раҳмон.

Асосӣ Менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат

Кафедраи Менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат

Кафедраи «Менеҷмент» ва иқтисодиёти меҳнат дар заминаи кафедраи Иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ тибқи қарори Шӯрои илимони донишгоҳ таҳти №1 аз 31.08.2006 ҳамчун кафедраи «Менеҷмент» ба фаъолият оғоз намудааст. Номи кафедра бо қарои Шӯрои олимони донишгоҳ таҳти №2 аз 01.12.2015 ба кафедраи «Менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат» иваз карда шуд. Зарурати ташкил намудани ин кафедраро инкишофи муносибатҳои нави иқтисодӣ, раванди ҷаҳонишавӣ, такмил додани усулҳои идоракунии сохторҳои мухталиф  ва тарбияи роҳбарону менеҷерон бо нигоҳи ҷадид барои соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сайёҳиву меҳмоннавозӣ ба миён овард. Роҳбарии кафедраро аз соли 2006 то 2013 н.и.и., дотсент Мирзоалиев А.А. ба ӯҳда дошт, ки дар ин муддат кафедра ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. Аз соли 2013 ин ҷониб роҳбарии кафедраро н.и.и. Аминов Ф.И. ба ӯҳда дорад.

Кафедра бо базаи хуби таълимию методӣ, кадрӣ ва техникӣ таъмин буда, барои омӯзонидани асосҳои менеҷмент, менеҷменти савдо ва хӯроки омма, менеҷменти стратегӣ, менеҷменти молиявӣ, менеҷменти навовариҳо, менеҷменти сайёҳии байналмилалӣ ва меҳмонхонадорӣ, таърихи туризм, тараққиёти туризм, асосҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонадорӣ, рафтори ташкилӣ, назария ташкилӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, идоракунии корхонаҳои савдо, идоракунии хоҷагиҳои кооперативӣ, идоракунии кормандон, идоракунии сифат, тадқиқоти низоми идоракунӣ, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти меҳнат, менеҷменти кооператсияи матлубот, ташкил ва меъёрдории музди меҳнат, ташкил ва идоракунии ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, психология ва ахлоқи идоракунӣ, идоракунии зидибӯҳронӣ ва маданияти меҳмонхонадорӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебарад.

Устодони ботаҷрибаи кафедра н.и.и., дотсент Аминов Ф.И. (мудири кафедра), д.и.и. профессор Нурмаҳмадов М. (шодравон), д.и.и., профессор Розиқов В.А., н.и.и., дотсент Анваров М.А. (шодравон), н.и.и., дотсент Ҷонов Г.Д. (шодравон), н.и.и., дотсент Мирзоалиев А.А., н.и.и. дотсент Саидова М.Х., н.и.и., дотсент Ҳусейнов Б.А. ва ғайраҳо дар тарбияи мутахассисон саҳмгузоранд. Донишҷӯёни кафедра аз рӯи тахассуси 260202 - «Менеҷменти туризм ва хоҷагии меҳмонхонадорӣ», «Менеҷменти корхонаҳои савдо» ва 890101 – «Сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ» тақсим гардида, ҳамчун мутахассиc сабзида мерасанд ва баъди хатми донишгоҳ барои тараққиёти соҳаи навини иқтисодиёт – «Сайёҳӣ» ва «Тиҷорат» саҳмгузорӣ мекунанд.

Имрӯзҳо аҳли омӯзгорони кафедра тамоми кӯшишу ғайрати худро барои хубу гуворо гузаронидани дарсҳои лексионию амалӣ пурра сафарбар намуда, дар тартиб додани комплексҳои таълимӣ-методӣ, воситаҳои айёнӣ, маводҳои тақсимшаванда барои дарсҳои назариявию амалӣ, тестҳо, ҳалли масъалаҳои мушаххас сарф менамоянд.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат