Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод. Эмомалӣ Раҳмон.

Асосӣ Иқтисод ва ташкили соҳибкорӣ

Иқтисод ва ташкили соҳибкорӣ

Кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ хамчун як сохтори тахассусӣ ва поягии донишгоҳ фаъолияти таълимӣ-методӣ ва илмии худро  ҳанӯз аз аввали таъсисёбии донишгоҳ – соли 1987 оғоз карда то имрӯз пурсамар идома медиҳад.

Аз соли 2002 инҷониб таҳти таъсири тағиротҳои таърихие, ки дар мамлакатҳои соҳибистиқлоли мо ба вуҷуд омаданд, самти омода кардани мутахассисони соҳаи бизнес ё фаъолияти соҳибкорӣ ба вуҷуд омад ва тадриҷан рисолати кафедра бо ин самти нав такомул ва рушди тоза ёфт.

Дар айни ҳол кафедра тайёр кардани донишҷӯён – мутахассисони ҷавонро аз рӯи  ихтисосхои  иқтисод ва идоракунӣ дар корхонаҳо, иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хоҷагии мемонхона ва тарабхона ва аз 1-уми сентябри соли 2015 сар карда,  аз рӯи ихтисосҳои нави бизнес-маъмуриятчигӣ ва бизнес-маъмуриятчигӣ дар соҳаҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ   ба роҳ монда,  таълими дарсҳоро дар доираи 30 фанни таълимии касбӣ ба ӯҳда дорад.

Дар муддати тақрибан 30 соли фаъолияташ коллективи кафедра зиёда аз 1500 нафар иқтисоддон-менеҷеронро тайёр кардааст.

Дар тӯли солҳои мавҷудияташ кафедраи мазкур бо номхои гуногун, аз чумла  «Кафедраи фанҳои иқтисодӣ ва ҳисобдорӣ» (1987-1991), «Кафедраи иқтисодиёти бозорӣ ва соҳибкорӣ (1992-1993)», «Кафедраи иқтисодиёти савдо» (1994-1995)» ва аз соли 1995 инҷониб хамчун «Кафедраи иқтисод ва ташкили соҳибкорӣ» фаъолият менамояд.

Аз соли 1987 то соли 1991 вазифаи мудири ин кафедраро олими соҳибкасб ва омӯзгори шинохта, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сангинов Назрулло Сангинович ба уҳда дошт.

Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва итҷтимоии Русия, доктори илмҳои иқтисод, профессор Ҳабибов Сафиулло Ҳабибович  аз соли 1991 ҳамчун ҳамкор ва аз соли 1993 бо роҳи  озмун ба вазифаи мудири кафедраи мазкур таъин гардид ва то соли 2007  бо ташаббус ва қобилияти баланди кордонию ташкилотчигии профессор Ҳабибов С.Ҳ. фаъолияти кафедра хеле ташаккул ёфт.

Аз соли 2007 то соли 2011  вазифаи мудирии кафедраро  олими ҷавон барандаи Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шаропов Фарҳод Раззоқович ба ухда дошт.

Солҳои 2011- 2012 олими шинохтаи иқтисодшинос, профессор Ҳабибов С.Ҳ. дуюмбора рохбари кафедра таъин гардиданд.

Аз 25 декабри соли 2012 ва дар натиҷаи озмун, ки 26 феврали соли 2013 баргузор гардид, номзади илми иқтисод, дотсент Исматуллоев Исматулло Убайдович  вазифаи мудирии ин кафедраро ба ӯҳда дорад.

Исматуллоев И. У.   яке аз аввалин мутахассисони соҳаи иқтисоди муосир  дар риштаи бизнес-консалтинг дар Тоҷикистон буда, пас аз хатми мактаби финландии менеҷерон бо ихтисоси “Содирот ва Маркетинг” муааллифи яке аз аввалин луғатномаҳои иқтисоди бозор бо хаммуаллифии профессор  Ҳабибов С.Ҳ. ва дотсент Ҷамшедов М.Ҷ., бо номи “Вожаномаи мухтасари бозаргонӣ” мебошад.

Дотсент Исматуллоев И.У., ки дар айни замон таҳқиқоти доктории худро дар мавзӯи “Бизнеси консалтингӣ: воридоти технология ба корхонаҳо” пеш мебарад, дар яке аз Донишгоҳҳои пурнуфузи Аврупо – Донишгохи Берлини Олмон дар риштаи бизнес ва иқтисодиёт таҳсил кардааст.

Дар давоми солхои зиёд барои пешбурди корҳои таълим, тарбиявӣ, илмӣ, ҷамъияти ба кафедра олимони шинохтаи бахши иқтисоду тиҷорат, аз ҷумла  профессор Фақеров Ҳ.Н., Нурмаҳмадов М.Н. (рӯҳашон шод бод),    дотсентон Туробов М.Т.(зиндаёд), Норқӯзиева Б.Н., Исоев Р.С., Қодирова З.Ҳ., Толибов  Қ.Қ., Мирзоалиев А.А., Шаропов Ф.Р., Исматуллоев И.У., Ҷамшедов М.Ҷ., Қосимов М.Қ. (ёдашон ба хайр), Зелнер Е.Я.,,  муаллимони калон Ҷумаева М.Т., Батракова И.А., Ахмедов А.А., Миров Ф.О.,  Ҳисориева Г.Т., Ҳабибова С.С.,  Улфатшоев Ф., инчунин хатмкунандагони солҳои охир  ва мутахассисони ҷавон  – Буриев Ф.М., Мариншоев М.М., Қодиров А.А., Валиев Н.Ш., Мухторзода С.С.,Амонов С.С., Абдуллоева Ш.Р.,  Фозилова З.Р.  Шарипова Р.Ҳ. ҷалб карда шуданд ва имруз самаранок фаъолият мекунанд.

Ҳайати устодони кафедра бо мақсади таъмин намудани ҷараёни таълим бо маводи зарурӣ ва баланд бардоштани сифати он  як қатор монографияҳо, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва методиро ба чоп расонидаанд.

Саҳми олимони кафедра дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогии ҷавон низ хеле назаррас аст. Алҳол ду нафар олимони кафедра узви Шӯрои диссертатсионии назди донишгоҳ мебошанд. Аксари олимони кафедра роҳбарии аспирантонро ба ӯҳда доранд. Дар назди кафеда маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Соҳибкорӣ ва бизнес» амал мекунад, ки нақши он дар ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ  хеле назаррас аст.

Бо рӯҳияи тоза ва ибтикори ин маҳфил ҳар сол  ба муносибати рӯзи 14-октябр – Рӯзи Соҳибкори Тоҷикистон бо роҳбарии  кафедраи иқтисод ва ташкили соҳибкории факултети иқтисодиёт ва менеҷмент дар синфхонаи компютерии факултет Форуми хурди соҳибкори ҷавон дар шакли викторинаи донишҷӯёни ДДТТ гузаронида мешавад,  ки  дар онҳо  дастаҳои дар асоси маҳфилҳои илмии донишҷуён ва дигар хоҳишмандон ташкил шуда, иштирок менамоянд.  

Ҳамчунин дар кафедра  корҳои илмӣ-тадқиқотии устодон дар мавзӯъҳои «Рушди бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Масоили ташаккул ва инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ» ба роҳ монда шудааст.

Бояд қайд кард, ки шумораи зиёди хатмкардагони кафедраи мазкур дар вазифаҳои масъули давлатӣ, ба ҳайси роҳбарону менеҷерон ва мутахассисони сохторҳои гуногуни тиҷоратӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт сарбаландона фаъолият доранд ва бо кафедра робитаи қавӣ доранд.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Иқтисод ва ташкили соҳибкорӣ