Факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ

Факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ соли 1987 таъсис ёфтааст ва имрӯз яке аз факултетҳои бонуфузи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳайати профессорону омӯзгорони факултет бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия кору фаъолияти босамару созандаро ба роҳ мондаанд.

Боиси ифтихор аст, ки хатмкардагони факултет дар ҷумҳурӣ ва берун аз он кор ва фаъолият намуда, вазифаҳои масъулиятнокро иҷро мекунанд.

Яке аз омилҳои муҳимтарини беҳтар ба роҳ мондани раванди таълим ва баланд бардоштани сифати он таъмин будан ба заминаи моддӣ-техникии муосир мебошад, ки бевосита барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода кардани мутахассисони соҳибкасб мусоидат менамояд.

Ҳайати профессорону омӯзгорони факултет саъю кӯшиши худро барои хубтару беҳтар гузаронидани дарсҳои назариявию амалӣ сафарбар намуда, дар таъсис додани воситаҳои аёнии маводи иттилоотӣ барои дарсҳои назариявию амалӣ, тестҳо, ҳалли масъалаҳои мушаххас ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Дар факултет кафедраҳои зерин амал менамоянд:

– менеҷмент.

– ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ;

– баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит;

– фанҳои гуманитари;

Дар факултет мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин омода менамоянд:

– 251018 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит;

– 25010801 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо;

– 250111 – аудит ва ревизия;

– 26020200 – менеҷмент;

– 26020222 – менеҷменти тарабхона ва меҳмонхонаҳо;

– 890101 – саёҳат ва меҳмондорӣ;

– 24010104 – ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ;

– 24010204 – ҳуқуқи андозу бонкӣ;

– 24010205 – ҳуқуқи гумрукӣ;

– 24010216 – ҳуқуқи иттилоот;

– 240103 – ҳуқуқи иқтисодӣ.

Дар факултет ҳамасола маҳфилҳои гуногуни илмию эҷодӣ, олимпиадаҳо, викторинаҳо, конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ гузаронида шуда, донишҷуён дар ин тадбирҳои муҳимми илмию фарҳангӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Ҳоло хатмкардагони факултет дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои Иттифоқи Тоҷикматлубот, донишгоҳҳо ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат бомуваффақият кор ва фаъолият менамоянд. Қисми онҳо имрӯз роҳбарон ва мутахассисони муваффақи созмонҳои бонуфузи ватанӣ ва хориҷӣ гардидаанд.

Дар байни донишгоҳ ва муассисаву корхонаҳои гуногуни кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ баста шудааст ва дар ин асос донишҷӯён барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва минбаъд таъмин шудан ба кори доимӣ имконияти васеъ доранд.

Аз 10-уми июни соли 2022 номзади илмҳои хуқуқшиносӣ, дотсент Некрӯз Қудратов декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ таъйин гардид.

Ҳайати профессорон ва номзадҳои илме, ки дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ фаъолият менамоянд:

– Саидова Мунаввар Ҳамитовна, доктори илмҳои иқтисодӣ и.в. профессор;

– Раззоқов Баҳодур Ҳаётович, доктори илмҳои ҳуқуқ профессор;

– Низомов Самариддин Фахриевич, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Иброҳимов Солиҷон Иброҳимович, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент

– Меликов Умрилло, Асадуллоевич, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент;

– Восиев Фаридун, доктори илмҳои, иқтисодӣ, дотсент;

– Табаров Лутфулло Толибович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Мариншоев Муқбил Мунавваршоевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент;

– Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Аминов Фотеҳ Иномҷонович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

– Қудратов Некрӯз Абдунабиевич, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент;

– Маҳмадхонов Тошмаҳмад, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент;

– Солеҳов Маҳмадулло Абдуллоевич, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент;

– Зарипов Эмомалӣ Шоҳмадович, номзади илмҳои физика-математика, дотсент;

– Саидов Султон Маҳмадович, номзади илмҳои филологӣ, дотсент;

– Хуморов Додар Мирзораҳимович, номзади илмҳои фалсафа, дотсент;

– Шарипов Маҳмадулло Исматович, номзади илмҳои фалсафа, дотсент;

– Мирзоалиев Абдумалик Абдунабиевич, номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент;

– Муртазоев Ораз Қарахонович, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент;

– Ашӯров Фирӯз, доктор PhD;

– Бадалов Хуршед Ҳотамович, номзади илмҳои иқтисодӣ;

– Раҳимов Ғайрат Маҳмадюнусович, номзади илмҳои иқтисодӣ;

– Ҳоҷиев Ғуфрон Ҳоҷиқурбонович, номзади илмҳои иқтисодӣ;

– Ҳусейнов Бойалӣ Алиевич, номзади илмҳои педагогӣ дотсент;

– Пулатова Шаҳноза Бахтиёровна, номзади илмҳои иқтисодӣ;

– Саломова Умия Туйчиевна, номзади илмҳои иқтисодӣ.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top