Вожаҳои арабӣ дар соҳаи иқтисод

Бинанда: 1886 | Санаи нашр: 24 Апрел 2019

24-уми апрели соли 2019 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ бо саъю кӯшиши мудири кафедраи забонҳо, номзади илми филология Ҷамшед Гурезов семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Таҳлили ҷанбаи забонии истилоҳоти иқтисодӣ” бо иштироки декани факултет, дотсент Назаралӣ Салимов ва омӯзгорон доир гардид.

Маҳфили илмиро Салимов Н.С. бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, ташкили чунин ҳамоишҳоро барои такмили донишу маърифати омӯзгорон судманд донист ва аз созмондеҳони он изҳори сипос кард.

 

Сипас, Ҷамшед Гурезов дар мавзӯи “Вожаҳои иқтибосии арабӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат” суханронӣ намуда, зикр кард, ки аксари истилоҳоти иқтисодию тиҷоратии забони адабии муосири тоҷик аз забони арабӣ гирифта шудааст, ва аз ин рӯ, омӯзиши забони арабӣ дар макотиби олии кишвар, ки тамоюли иқтисодӣ дорад, манфиатовар буда, барои рушди нерӯи зеҳнӣ ва ғанӣ гардонидани захираи луғавии донишҷӯён мусоидат мекунад. Ҳамчунин, мавсуф таъкид намуд, ки забони арабӣ ба ҳайси забони муҳимму асосии илму фарҳанги исломӣ ва забони муоширати сатҳи байналмилалӣ ба тамаддуни мардуми тоҷику форс ва аз ҷумла, ба иқтисоду тиҷорати он низ таъсири амиқу пурбор гузоштааст.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top