Либос ва фарҳанги миллӣ

Бинанда: 2454 | Санаи нашр: 04 Апрел 2018

31-уми марти соли 2018 дар толори диссертатсионии донишгоҳ дар нақша  - чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТТ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мулоқоти муовини директори корхонаи воҳиди давлатии Маркази ҷумҳуриявии ҷавонон “Ориёно” Шерова Заррина ва мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Сафаров Ҷовидон бо бонувон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш меҳмони гиромӣ Шерова Заррина ва роҳбари бонувон ва донишҷӯдухтарони факултети тиҷорат ва гумрук Назарбекова Н. перомуни эҳёю тарвиҷи расму ойинҳо, анъанаҳои миллӣ, либоси милли тоҷикон, сиёсати муввафақонаи иҷтимоию фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии кишвар, даст кашидан аз либосу фарҳанги барои миллати мо бегона, рушду нумӯи худшиносию худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ ибрози андеша намуданд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки бояд донишҷӯдухтарони тоҷик дорои гуфтору рафтори шоиста, донишу маърифати арзанда, ахлоқу маънавияти баланд бошанд ва ба либосу фарҳанги миллӣ дар замони пурзӯр шудани таҳоҷуми фарҳанги бегона ва равандҳои глобалӣ дар курраи арз арҷ гузоранд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top