Комёбии Наврӯз дар Наврӯзи оламафрӯз

Бинанда: 2029 | Санаи нашр: 04 Апрел 2018

25-уми марти соли 2018 дар “Наврӯзгоҳ” – и шаҳри Душанбе сабқати варзишӣ оид ба гӯштии миллӣ ба хотири ҷоми шаҳрдории пойтахт гузаронида шуд. Дар ин сабқати варзишӣ паҳлавонон дар вазнҳои гуногун аз ҳар гӯшаю канори кишвар барои ба даст овардани туҳфаҳою мукофоти наврӯзӣ вориди майдон набард гардиданд.

Донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 230101 – ташкилии робитаҳои байналмилалӣ Каримзод Наврӯз бо нишон додани далерию ҳунармандии арзанда дар вазни 70кг сазовори ҷойи дуюм гардид.

Раёсати ДДТТ ва садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ донишҷӯи варзишгар – Каримзод Наврӯзро барои гирифтани ҷойи дуюми ифтихорӣ дар сабқати варзишӣ оид ба гӯштии миллӣ ба шарафи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз аз самими қалб табрику шодбош мегӯянд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top