КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ - АМАЛӢ

Бинанда: 802 | Санаи нашр: 22 Май 2024

Санаи 22.05.2024. бо ташаббуси кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити ДДТТ Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи “САМТҲОИ ТАКМИЛИ НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА АУДИТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” баргузор гардид. Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров ҳусни оғоз бахшида, ба таври мухтасар оид ба мавзуъ ва аҳамияти он суханронӣ намуда, ба кори он барору комёбӣ таманно намуд.

Сипас, олимон ва муҳаққиқони зерин доир ба масъалаҳои мубрами назария ва амалияи мавзуи матраҳгардида маърӯзаҳои пурмазмун намуданд:

Низомов Самариддин Фахриевич – д.и.и., профессори кафедраи аудит ва таҳлили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуиСамтҳои асосии баҳисобгирии дороиҳои биологӣ дар хоҷагии қишлоқ”,

Абдураҳимов Абдуғаффор Абдувоситович - н.и.и., дотсенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дар мавзуи “Нақш ва ташкили баҳисобгирии идоравии хароҷотҳои истеҳсолии маҳсулоти коркарди ғалла,

Содиқов Содиқҷон Ибрагимович – н.и.и., дотсент сардори бахши аудити дохилии ҶСК “СОМОН ЭЙР” дар мавзуи “Хусусиятҳои ташкили фаъолияти хадамоти назорати дохилӣ дар шароити рушди муосири иқтисодиёт”,

    Мирзоалиев Абдумалик Абдунабиевич - н.и.и., дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуиСтандартҳои байналмилалии таҳсилоти касбии муҳосибӣ: баҳои вазъи ҷорӣ ва дурнамои татбиқ”,

    Неъмонов Ҷаъфар Мулкамонович – н.и.с., дотсент, мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуиҚонунҳои фалсафа ва рушди назарияи баҳисобгирии муҳосибӣ: далели робита”,

    Бобоев Ҷӯрахон Исломович – муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Самтҳои асосии такмил додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Дар фарҷоми ҳамоиш байни иштирокчиён доир ба масоили марбут ба мавзуи конференсия мубодилаи афкор сурат гирифт.

Конференсияро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Абдукарим Қурбонов ҷамъбаст намуда, ба меҳмонон ва иштирокчиён барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top