Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ

Бинанда: 211 | Санаи нашр: 21 Феврал 2024

Имрӯз (22.02.2024) дар донишгоҳ ба муносибати 31-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷамъомад тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шукурзода Саодат Нусратулло оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Артиши миллии ҷумҳурӣ, ки 23 – юми феврал аз таъсисёбии он 31 сол сипарӣ мегардад, самимона табрику таҳният гуфт ва доир ба нақшу саҳми бузурги Қувваҳои Мусаллаҳ дар таҳкими истиқлоли давлатии кишвар, рукнҳои асосии давлатдории миллӣ суханронӣ намуд.

Сипас  муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Қурбонов Абдукарим Раҳимович низ табрикоти раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ироа намуда такид намуд, ки нақш ва мақоми Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар хомӯш намудани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор кардани сохти давлатдории миллӣ ва ҳокимияти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, аз байн бурдани кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат бениҳоят бузург аст. Барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи ҳунарии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯҳу табъи аҳли толорро хушу болида гардонида, анҷомбахши ҷамъомади имрӯза гардид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top